Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд

Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро, ки дирӯз, 15-уми август, дар синни 79 даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо нашри баёнияе даргузашти Гуландом Сафаралиеваро талафоти бузург барои санъати тоҷик номид ва ба пайвандону наздиконаш таслият гуфт. “Гуландом Сафаралиева на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба […]

Asia-Plus

Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро, ки дирӯз, 15-уми август, дар синни 79 даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо нашри баёнияе даргузашти Гуландом Сафаралиеваро талафоти бузург барои санъати тоҷик номид ва ба пайвандону наздиконаш таслият гуфт.

“Гуландом Сафаралиева на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд”, – зикр гардид дар баёнияи ин ниҳод.

 

Гуландом Сафаралиева аз ҳунармандони шинохтаи кишвар буд. Ӯ 25-уми июни соли 1946 дар деҳаи Дошманди шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1964 Мактаби мусиқии Душанберо хатм карда буд. Пас аз хатми ин мактаб, ӯ барои кор ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор қабул шуд.

Ин ҳунарпеша беш аз чил сол дар ин театр фаъолият намуда, зиёда аз 70 образи хотирмон офаридааст. Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш бозидааст. Ҳунари волои ӯ бармало дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” дарк мегардад.

Барои хизматҳои арзанда дар рушди санъати театри тоҷик Гуландом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.