Владимир Зеленский вориди Амрико шуд. Доналд Трамп гуфт, “Украина набояд узви НАТО шавад”

Asia-Plus бо истифода аз маводҳои ББС

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар остонаи пазироии Владимир Зеленский, ҳамтои украинии худ ва раҳбарони аврупоӣ дар Кохи Сафед гуфтааст, Украина "агар хоҳад метавонад ҷанги Русияро хотима диҳад, аммо бахше аз созиши сулҳ ин хоҳад буд, ки Украина ба НАТО напайвандад".

Владимир Зеленский, ки пас аз муноқишаи лафзӣ бо Доналд Трамп дар моҳи феврал, ҳоло барои бори аввал вориди Вошингтон шудааст, гуфт, мехоҳад, замонатҳои амниятиро барои пешгирӣ аз ҳуҷумҳои бештари Русия ба даст биорад. 

Чанд соат пеш аз мулоқоти Трамп бо Зеленский дар Кохи Сафед, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, бозпас гирифтани нимҷазираи Қрим, ки Маскав дар соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ онро аз худ кард, имконпазир нахоҳад буд.

Ин изҳорот пас аз нишасти Трамп бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Аляска садо дод. Нишасте, ки раисиҷумҳури Амрико аз даъваташ барои оташбас даст кашид ва ба ҷои он хостори созиши сулҳи доимӣ шуд.

Владимир Путин ҳамеша ба ғояи пайвастани Украина ба паймони низомии НАТО мухолиф буд ва борҳо сабаби ҳамлаи низомиаш ба ин кишварро ҳам таҳдид ба амнияти Русия дар сурати пайвастани Украина ба НАТО унвон кардааст.

Доналд Трамп дирӯз дар саҳифааш дар “Truth Social” навишт, “раиси ҷумҳур Зеленский, агар бихоҳад, метавонад қариб дарҳол ҷангро бо Русия хотима диҳад ё муборизаро идома диҳад".

"Ба ёд оред, ки ин моҷаро чӣ гуна оғоз шуд. Ҳеҷ бозгаште даркор нест; Обама 12 сол пеш Қримро бидуни шиллики ҳатто як тир вогузор кард! Ва ҳеҷ пайвастане ба НАТО барои Украина вуҷуд нахоҳад дошт. Баъзе чизҳо ҳеҷ гоҳ тағир намеёбанд!", – афзудааст Трамп.

Ӯ бори дигар такрор кард, ки дар ҳама гуна созиши сулҳ Украина бояд баъзе аз минтақаҳоро ба Русия вогузор кунад. Чизе, ки Киев ва ҳампаймонҳои аврупоияш пайваста рад мекунанд.

Қабл аз ба қудрат баргаштани Трамп дар моҳи январи соли гузашта, кишварҳои узви НАТО дар бораи "роҳи бебозгашт"-и Украина барои узвият дар ин паймон мувофиқа карда буданд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ҳамроҳ бо раҳбарони аврупоӣ, аз ҷумла, Кир Стармер, сарвазири Бритониё имрӯз бо Зеленский дар Вашингтон ҳамроҳ шуда, ояндаи Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба навиштаи “Bloomberg”, чанде аз ҳадафҳои асосии раиси ҷумҳури Украина дар мулоқот бо Трамп фаҳмидани шартҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Путин, муайян кардани вақти мулоқоти сеҷониба ва ташвиқи Амрико ба шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Русия мебошад.

Владимир Зеленскиё дирӯз қабл аз сафар ба Вашингтон ва пас аз мулоқот бо Урсула фон дер Лейен дар Брюссел гуфт, “Путин талаботи зиёд дорад ва мо ҳамаи онҳоро намедонем”.

“Агар воқеан ҳамон тавре ки мо шунидем хостаҳои Русия зиёд бошанд, барои баррасии онҳо вақт лозим аст. Аммо ин кор зери фишори силоҳ имконнопазир аст. Мо дар Вашингтон дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард”, – изҳор дошт ӯ.

Зеленский таъкид ки, ки Конститутсияи Украина “таслими сарзаминҳо ё муомилаи хоки кишварро ғайриимкон мегардонад” ва қабл аз ба имзо расидани созишномаи ниҳоии сулҳ бояд оташбас ҷорӣ гардад.

Нуктаҳои дигари изҳороти Зеленский чунин буданд:

– Аврупо ва Амрико бояд ҳамоҳанг амал кунанд. Бисёр муҳим аст, ки Аврупо бо мост ва мо бо Амрико якҷо сӯҳбат мекунем.

– Ҳамаи масъалаҳои калидӣ бояд дар мулоқоти сеҷонибаи раиси ҷумҳурҳои Украина, Русия ва ИМА муҳокима шаванд. Агар Москва рад кунад, алайҳаш бояд таҳримҳои нав ҷорӣ шаванд.

– Киев интизори кафолатҳои амниятиест, ки бо моддаи панҷуми Оинномаи НАТО монанд бошад. Мо ба кафолатҳое ниёз дорем, ки дар амал кор кунанд.

Зеленский масири ояндаи Украинаро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо як қисми муҳими ин кафолатҳо номид.

Чанд рӯз пег Трамп ва Путин дар шаҳри Анкориҷи иёлоти Аляска бори аввал давоми чор соли охир рӯбарӯ мулоқот ва гуфтугӯ кардаанд, ки поёни ҷанг дар Украина мавзӯи меҳварии музокироти ду раисҷумҳур ва ҳайатҳои онҳо будааст.

Натоиҷи аввалияи ин мулоқот, тавре аз изҳороти ду раисҷумҳур бармеояд, тибқи пешгӯии аксар коршиносон, умедворкунанда, вале номушаххас буд.

Мулоқоти Трамп ва Путин чӣ гуна гузашт, дар ин матлаби мо хонед: “Ҳамоише бидуни натоиҷи мушаххас”. Трамп ва Путин мулоқоту гуфтугӯ карданд, аммо ба созиши комил нарасиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...