Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои поинравии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро тасдиқ кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфҳои бадшавии вазъияти марбут ба сиёсати Русия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ, ноустувории сиёсати ҷаҳонӣ ва мухолифатҳои идомадоштаи минтақавӣ дучор мешавад. Дар ин бора дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар бораи иқтисоди Тоҷикистон сухан меравад.

“Сиёсати нисбатан шадидтари муҳоҷират ва маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд ба коҳиши назарраси интиқоли маблағ боис гарданд, ки ба поинравии суръати рушди иқтисод, афзоши камбизоатӣ ва бад шудани тавозунҳои молиявӣ ва савдои хориҷӣ оварда расонанд”, – менависанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

Муаллифони гузориш пешгӯӣ мекунанд, ки барои Тоҷикистон савдо метавонад гаронтар шавад, зеро ҳимоятгаройӣ (протексионизм) бо сабаби таърифаҳо (тарифҳо)-и ИМА муқобили бисёре аз шарикҳои тиҷоратии кишвар тақвият меёбад ва Чину дигар кишварҳоро маҷбур месозад, ки бо ҷорисозии таърифаҳои худ посух диҳанд. Онҳо интизорӣ доранд, ки коҳиши нархи ашёи хом ва нафт поинравиро боз ҳам бештар мекунад, ки ба номуайянӣ дар ояндаи иқтисоди Тоҷикистон боис мегардад.

“Содироти фулузот (металлҳо)-и асосии Тоҷикистон бо шумули алюминий, руҳ ва маъдан нисбат ба талаботи сусти ҷаҳонӣ метавонад осебпазир бошад. Бо вуҷуди ин, содироти тилло аз кишвар, тавре ки интизорӣ меравад, аз нархҳои нисбатан баланд дар соли 2025 пас аз сатҳҳои рекордии соли 2024 бурд мекунад”, – омадааст дар гузориш.

Тибқи арзёбии мутахассисони Бонк, низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ дар АвруОсиё бо сабаби ба мувофиқа нарасидани Русия ва Украина дар мавриди оташбаси густарда ва инчунин дар Ховари Миёна метавонанд шиддат гиранд. Дар назар аст, ки ин ба болоравии хароҷот ба энергетика ва логистика, вайроншавии занҷираҳои ҷаҳонии таҳвил оварда расонад, ки дар навбати худ ба афзоиши хароҷот ба воридот барои Тоҷикистон боис гардад.

“Минбаъд ба субот расидани муносибатҳо миёни ИМА ва Русия ҳамзамон бо сабуксозии таҳримҳо, эҳтимол ба бесуботии иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ боис гардад, ҳарчанд бо назардошти хусусияти бисёрҷанбаи робитаҳои иқтисодӣ ва миқёси имконпазири чунин дигаргуниҳо, ин ҳам ба як номуайянии зиёд вобаста аст”, – хулоса мешавад дар гузориш.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат дар Тоҷикистон поинравии рушди иқтисод дар назар буда, лекин он устувор боқӣ мемонад. Рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 8,4% дар соли 2024 то 7,0% дар соли 2025, то 4,9% – дар соли 2026 ва 4,7% – дар соли 2027 поин меравад.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар бораи поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон Бонки осиёии рушд (БОР) ва Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАОСР) изҳори назар карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...