Орду нон дар Тоҷикистон қимат шудааст

Date:

Дар нимсолаи аввали соли 2025 нон ва орд дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қимат шудааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар муқоиса бо моҳи декабри соли гузашта, дар  ним соли 2025 нархи нону орд ҳудуди 5% боло рафтааст.

Болоравии нисбатан бештар дар моҳҳои феврал-март ба мушоҳида расид, ки 1% дар як моҳро ташкил дод. Дар моҳҳои апрел-июн суръати таваррум суст шуда, моҳи июн бошад, нархҳо ба нону орд дар сатҳи моҳи май боқӣ монданд.

Имрӯз дар марказҳои калони савдо (супермаркетҳо)-и Душанбе номгӯйи васеи маснуоти нонӣ пешниҳод мешавад. Ҳавмин тариқ, орди "Арзанда Боярский" бо вазни 550 грамм 7,90 сомонӣ, "Арзанда Крестянский" бо ҳамин вазн – 7,80 сомонӣ, , "Маколли Дарниитский без дрожжей" бо вазни 700 грамм ва "Нони Шохон Белый" бо вазни 380 грамм – 4,40 сомонӣ нарх доранд.

Агар соли гузашта нони маъмулии вазнаш 250 грамм 3-4 сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир дар бозорҳо нархи он ба 5 сомонӣ ва дар марказҳои калони савдо то 6 сомонӣ мерасад. Дар ҳамин ҳол, вазни нон кам шуда, ба ҷойи 250-300 грамми маъмулӣ нони тайёр акнун ҳудуди 230 грамм вазн дорад.

Нархи орд дар Тоҷикисто тайи 10 соли ахир қариб ду баробар, аз 150 сомонӣ барои 1 халта то 300 сомонӣ ба ҳисоби миёна боло рафт. Истеҳсолкунандагон мегӯянд, ки болоравии нарх ба омилҳои беруна вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Орди истеҳсоли Қазоқистон дар Тоҷикистон

Сабабҳои асосӣ гароншавии гандум, афзоиши хароҷоти нақлиёт, амалҳои миёнаравон, оқибатҳои даргирӣ дар Украина ва тағйирёбии қурби асъор номбар мешаванд.

Коршиносони хориҷӣ огоҳ мекунанд, ки бар асари тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон хавфи буҳрони озуқаворӣ боқӣ мемонад, ки метавонад минбаъд ба гароншавии орд оварда расонад.

 

Истеҳсоли ғалладона афзуда, вале вобастагӣ ба воридот боқӣ мемонад

Мувофиқи пешгӯии ҳукумат, солҳои наздик дар Тоҷикистон истеҳсоли зироати ғалладона афзоиш меёбад. Соли 2026 ҷамъоварии ҳудуди 930 ҳазор тонна ва то соли 2028 –ум 986 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона дар назар аст. Истеҳсоли орд низ зиёд мешавад: аз 765 ҳазор тонна дар соли 2026 то 907 ҳазор тонна дар соли 2028.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сарфи назар аз ин, вобастагӣ ба воридоти зироати ғалладона боқӣ мемонад. Воридоти гандум ба кишвар аз 1,156 млн тонна дар соли 2026 то 1,308 млн тонна дар соли 2026 афзуда, хароҷот барои харид аз 318 млн доллар то 367 млн доллар зиёд мешавад. Воридоти орди тайёр баръакс, коҳиш меёбад: аз 59 ҳазор тонна дар соли 2026 то ба 51 ҳазор тонна дар соли 2028. Ин аз тадриҷан иваз шудани орди воридотӣ ба маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ба ин тариқ, солҳои наздик вобастагии зиёди Тоҷикистон ба воридоти зироати ғалладона аз хориҷи кишвар боқӣ монда, лекин афзоши истеҳсоли дохилии орд ба кам кардани ҳиссаи маҳсулоти тайёри воридотӣ ба бозор ва қисман дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо имкон медиҳад.

 

Нархи нон дар Ӯзбекистон  дар панҷ сол 70% боло рафт

Аз соли 2020 то моҳи майи соли 2025 нархи нон дар Ӯзбекистон ба таври назаррас боло рафтааст. Нон аз орди гандуми навъи якум қариб 78%, орди навъи олӣ – зиёда аз 52%, “обинон”-и маъмулӣ – 62% гарон шуд. Арзиши худи орд низ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт: навъи якум – 57% ва навъи олӣ – 73%.

Дар ҳамин ҳол, кишвар ҳоло ҳам ба воридоти зироати ғалладона вобастагии зиёд дорад. Соли 2024 ба Ӯзбекистон 3,6 млн тонна гандум ворид карда шудааст. Қариб ҳамаи ин ҳаҷм (99%) аз Қазоқистон оварда шудааст.

Бонки марказии Ӯзбекистон болооравии нархи нон ва ордро ба якчанд сабабҳо марбут медонад. Аввалан, захираҳои энергетикӣ ва хидматрасониҳо ба таври назаррас қимат шуданд: нархи бензин қариб ду баробар, таърифаҳо ба газ – 129% ва обу хидматрасониҳои обу корез – се баробар боло рафтанд. Дуюм, хароҷоти нақлиёт ба таври назаррас афзуд: арзиши хидматрасонии техникӣ ва таъмир 115% боло рафт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пухтани нон дар танӯр, акс аз бойгонӣ

Омилҳои экологӣ низ таъсири назаррас мерасонанд, аз ҷумла шӯршавии хок, норасоии об ва гармӣ ҳосилнокиро коҳиш медиҳанд. Ғайр аз ин, Ӯзбекистон аз воридоти ғалладона вобастагии зиёд дорад: робитаи зиёд байни нархҳои ҷаҳон ва дохилӣ ба гандум, бозорро дар муқовимат ба тағйроти ҷаҳонӣ осебпазир мегардонад.

Истеъмоли нон ҳамчунин ба даромади аҳоль вобаста аст: афзоиши даромад истеъмоли онро кам карда, лекин афзоиши босуръати аҳолӣ, яъне 2% ҳамасола, талаботи иловагӣ ба вуҷуд меорад – тақрибан 171 ҳазор тонна маҳсулоти нонӣ ба ҳар як миллион нафар сокинони нав.

Дар Қирғизистон орд ба андозаи 3,7% гарон шуда, нархи нон 60 сом (6,5 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Аввали моҳи август 1 кг орди навъи олӣ 70,65 сом (7,6 сомонӣ) ва орди навъи якум – 52,40 сом (5,6 сомонӣ) фурӯхта мешуд. Нон 66,79 сом (7,1 сомонӣ) нарх дошт, ки тағйироти муътадил дар арзиши маснуоти нониро нишон медиҳад.

Дар Қазоқистон давоми 6 моҳ орди навъи якум 4,9% арзон шуда, 1 килограмми он 222 танга (3,85 сомонӣ) нарх дошт. Нон (400-450 грамм) 4,1% гарон шуда, нархи он ба ҳисоби миёна 208 танга (3,6 сомонӣ)-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...