Ду ҳазор сомонӣ барои тиреза? Нигаронии волидайни хонандагони як мактаб дар Рӯдакӣ аз талаби маблағ

Asia-Plus

Модари яке аз хонандагони Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Пушкин дар ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат кард, ки "дар ин муассиса барои таъмири тирезаҳо аз волидайн синфҳои якум пул ҷамъ мекунанд". Хабарнигори "Азия-Плюс" ба ин гимназия рафт ва аз масъулини он дар бораи ҷамъоварии маблағ пурсид.

“Аз мо, падару модарони синфи якум барои таъмири тирезаҳо аз ҳар кадом хонанда 2 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ мекунанд. Мо бояд чӣ кор кунем? Имрӯз (9-уми август) дар маҷлис эълон карданд, ки пул ҷамъ кардан лозим аст. Мо ҳоло акнун барои қабул ба синфи якум ҳуҷҷат супоридем. Аз имтиҳон гузаштем. Дар як сол барои таҳсил 800 сомонӣ пардохт мекунем. Боз барои варзишгоҳ, низоми гармидиҳӣ 150 сомонӣ маблағ месупорем. Имсол ду фарзанди ман дар ин муассиса таҳсил мекунад.  Мо пардохт карда наметавонем! Бароямон вазни аст. Чаро дар мо таҳсил дар мактабҳо ин қадр  гарон аст? Охир кӯдакон ояндаи моянд. Ман кор намекунам, ҳамсарам кирокаш (таксирон) аст”, – нигаронӣ карда буд, модари як хонанда.

Ин зан ба хотири мушкил эҷод нашудан дар таҳсили фарзандаш аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард.

Ин зан ягона нафаре нест, ки дар бораи ҷамъоварии маблағ дар ин гимназия нигаронӣ кард. Дар шабакаи иҷтимоии "Facebook" низ дар ин бора навиштанд.

Дар шарҳҳо яке аз корбарон навишт,  ки "хеле афсӯс, ки ҳозир ин мактабро танҳо ба макони пулҷамъкунӣ табдил додаанд. Ман ва хоҳарам онро хатм кардем, ҳамааш хеле хуб буд, вақте ки директорро иваз карданд, духтарамро аз синфи 6 аз ин мактаб гирифтам. Он ҷо нархҳои пардохтро ҳам дарҳол боло бардоштанд…”

Баъди чунин нигарониҳо, як корбар ба эҳтимоли зиёд корманди ин мактаб ба ин ҳама навиштаҳо "посух" дод:

“Шумо нодуруст фаҳмидед. Агар шумо дар маҷлис ҳузур медоштед, он ҷо возеҳ гуфта шуд, ки тирезаҳои чӯбиро ба пластикӣ иваз кардан лозим аст, на барои таъмири гимназия. Таъмири гимназия аллакай ба охир расида, танҳо гузоштани тирезаҳои пластикӣ боқӣ мондааст. Волидон худашон розӣ шуданд, ки тирезаҳои кӯҳнаро ба нав иваз мекунанд.

Маъмурияти гимназия волидонро ҳатто маҷбур накардааст. Онҳо худашон розӣ шуданд. Ҳамаи шумо медонед, ки гимназия соли 1960 сохта шудааст. Ман худам соли 1983 ин муассисаро хатм кардаам. Магар шумо намехоҳед дар гимназияе, ки фарзанду набератон таҳсил мекунад, шароити хуб ва синфхонаи гарм бошад? Ба касе маъқул нест, метавонад фарзандашро ба дигар мактаб диҳад”.

Яке аз онҳое, ки аз ҷамъоварии пул нигаронӣ мекаад, баъдан бо “Азия-Плюс”тамос гирифта, хабар дод, ки айни замон маблағ то 1 ҳазор сомонӣ поин фароварда шуда, пулро кумитаи падару модарон ҷамъ мекунад.

“Умуман ин масъаларо ба миён гузоред. На ҳамаи волидон ҳатто 100 сомонӣ барои таъмир ва ғайра дода метавонанд”, – гуфт ӯ.

Барои расидагӣ ба ин масъала, хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин гимназия рафт. Дарвоқеъ, дар мактаб корҳои таъмирӣ ҷараён дошта, тирезаҳои кӯҳна ба нав иваз карда шудаанд. Вале моо директорро дар мактаб пайдо накардем. Фарангис Саидова, муовини директор зикр кард, ки “дари утоқи кории директорро бастанд” ва “дарҳои шуъбаи муҳосибот низ муҳр зада шуда", аз мо талаб карданд, ки "ба чизе даст нарасонем”.

Ӯ гуфт, оид ба ҷамъоварии пул "танҳо ҳозир огоҳ" шудааст, зеро то ин дам дар рухсатӣ қарор дошта, танҳо охири ҳафтаи гузашта ба кор баромадааст.

“Ман ҳам танҳо ҳозир дар ин бора хонда, хабар ёфтам, то ин вақт намедонистам. Ҳозир ба фикрам, шояд масъаларо ҳал карданд. Дар бораи ин ҳама чизе гуфта наметавонам. Ҳозир мо аз аттестатсияи такрорӣ мегузарем ва ба ин кор машғулем. Айни замон ҳеҷ кас ягон хел шарҳ дода наметавонад”, – кӯтоҳ ҷавоб дод муовини директор.

Вай гуфт, қаблан аз ҷониби волидайн чунин шикоятҳо набуд, вале “вазъият ихтилофбарангез аст”.

Фарангис Саидова тавсия дод, ки дар роибат ба ин масъала ба Вазорати маорфи ва илми кишвар муроҷиат кунем.

Бояд гуфт, ки “Азия-Плюс” то рафтан ба гимназия ба ин ниҳод муроҷиат карда буд ва масъулини дафтари матбуотии он гуфтанд, волидайни хонандагони гимназия ба онҳо ҳам муроҷиат карданд ва “ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Дар муроҷиати дуввуми мо ба вазорат, ба мо тавсия доданд, ки ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон муроҷиат кунем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...