Сармояи мустақим коҳиш ёфтааст. Дар ним сол ба Тоҷикистон кӣ ва чӣ қадар сармоягузорӣ кардааст?

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон 3,3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гаштааст, ки ин 1,2 млрд доллар ё 59,4% нисбат ба ҳамин давраи 2024 зиёд аст. Сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Русия ва Амороти Муттаҳида Араб мебошанд.

 

Кадом кишварҳо ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд?

Русия ҳоло сармоягузори асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар нимсола аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1,3 млрд доллар сармоя ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83% зиёд аст.

Амороти Муттаҳидаи Араб дар мақоми дуюм қарор дорад. Ин кишвар дар ин мақом Чинро, ки то чанд сол дар раддаи дуввум буд, канор гузоштааст.

Тибқи омори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сармоягузории Амрико соли равон 55% поён рафтааст. Дар 6 моҳи соли 2025 аз ин кишвар 51,8 млн доллар сармоя ворид гаштааст, ки ин ба ҳамин давраи соли гузашта 63,1 млн доллар камтар аст.

Дар тасвирбаёни зер оид ба сармоягузорони асосии Тоҷикистон маълумоти бештар мегиред.

 

Сармоягузорони мустақими Тоҷикистон

Дар ин давра сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17%  коҳиш ёфтааст, ки ин 144,7 млн долларро ташкил медиҳад.

Вале бо ин вуҷуд, Чин ҳамчун сармоягузори мустқими асосии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли равон қариб 100 млн доллари ИМА сармояи мустақим ворид кардааст.

Коҳишёбии сармоягузории мустақимро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тасдиқ намуда, гуфт:

“Омилҳое ҳаст, ки ҷалби сармояи мустақимро ба Тоҷикистон мушкил мегардонад. Яке аз омили асосӣ паст будани суръати интернет ва набудани хатсайрҳои зиёди ҳавоӣ аст”.

Ҳамчунин ӯ гуфт, Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа дар хушкӣ аст, ба баҳру бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ надорад ва набудани логистика нархи маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро зиёд мекунад. Баъдан, ба қавли ӯ, теъдоди аҳолии кишвар 10-10,5 миллион нафар аст, ки бозори калон ба ҳисоб намеравад.

Ба қавли Раҳимзода, камшавии сармояи мустақим таъсири ҷиддие ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам аз лиҳози суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва ҳам аз лиҳози қурби пули миллӣ надорад.

“Ба фикри ман, боигариҳои табиӣ ва аҳолии ҷавон аз ҷанбаъҳое ҳастанд, ки дар ояндаи наздик метавонад, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷолиб барои сармоягузорӣ муаррифӣ намоянд”- гуфт  ӯ.

Ба таъкиди Султон Раҳимзода, ин рақамҳо ҳисоби пешакӣ буда, дар ҳоли пурра гардидани омор метавонад ин нишондиҳанда камтар шавад.

 

Сармоягузорӣ аз рӯи минтақаҳо

Бештари сармояи хориҷӣ ба шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2,9 млрд доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 73% зиёд аст.

Дар ин қатор, сармояи хориҷӣ ба ВМКБ дар 6 моҳи 2025 ба сифр баробар аст.  Ин нишондиҳада дар ҳамин давараи соли гузашта 1,3 млн долларро ташкил медод.

Бо сармояи хориҷӣ ба дигар минтақаҳои кишвар воридшуда дар тасвирбаёни зер шинос шавед.

Бояд гуфт, Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар талошҳои зиёд мекунад. Барои рушди босуботи иқтисоди кишвар сармоягузории хориҷӣ муҳим дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ 30-юми июн Ҳукумати Тоҷикистон стратегияи ҷалби сармояро то соли 2040 тасдиқ кард

Гуфта мешавад, стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад.

Аммо, омилҳои дигар бо меъёри зиёди андозҳо, бюрократия, дахолати мақомоти танзимкунанда, рақобати носолим рабт дошта аксар вақт сармоягузорони хориҷиро бозмедорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...