S&P радабандии соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи “дурнамои устувор” боқӣ гузошт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии байнулмилалии радабандӣ (рейтингӣ)-и Standard & Poor's Global рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар сатҳи В/В бо “дурнамои устувор” тасдиқ кард. Дар ин бора шуъбаи матуботи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, таъсир расониданд”, – омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Ҳамчунин мусоидати таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ низ зикр мешавад.  

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар буда, ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.

Standard & Poor’s бо қароргоҳ дар Ню-Йорк яке аз панҷ агентии бонуфузи ҷаҳон оид ба радабандӣ маҳсуб меёбад. Ин созмон дар асоси созишномаи дуҷониба барои ба Тоҷикистон додани мақом дар радабандии мустақили қарзӣ машғул аст. Бар асоси созишнома, агентӣ вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи амнияти иқтисодии кишварро арзёбӣ мекунад. Маълумоти таҳлилии агентӣ ба мақоми додашуда дар радабандӣ, барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ истифода шуда, дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалиро барои ҷумҳурӣ боз мекунад.

Радабандии соҳибихтиёрии қарзӣ чист?

Ин “арзёбии эътимоднокӣ”-и кишвар ба сифати қарзгиранда аст. Агентиҳои байнулмилалӣ (Standard & Poor’s, Moody’s, Fitch ва дигар созмонҳо) омлҳои зеринро баҳогузорӣ мекунанд:

– иқтисод то чӣ андоза устувор кор мекунад;

– сарбории қарз чӣ гуна аст;

– давлат воситаҳои молиявиро чӣ гуна идора мекунад;

– оё хавфҳои буҳрон вуҷуд дорад.

Сатҳи В/В чӣ маъно дорад?

Ин радабандии миёна дар ҷадвали радабандии соҳибихтиёрии қарзии S&P буда, маънои онро дорад, ки кишвар метавонад қарзашро пардохт кунад, лекин хавфҳои назаррас вуҷуд доранд, бахусус агар буҳрон ба миён ояд ё иқтисоди заъиф шавад. Ин сатҳро бисёр вақт “ҷаллобӣ” (спекулятивӣ) ё “ғайрисармоягузорӣ” низ меноманд.

Маънои “дурнамои устувор” чист?

Ин маънои онро дорад, ки дар муддати 12-18 моҳ вазъият дар кишвар ба гумони ғолиб хеле сахт бад ё хуб намешавад. Яъне радабандӣ тақрибан ҳамин хел мемонад.

Агар боз соддатар гӯем, В/В бо “дурнамои устувор” ин як ҳушдор аст: “кишвар ба пардохти қарзҳои қодир буда, лекин заъфҳо (осебпазириҳо) ҳастанд. Алҳол хеле бадшавии вазъият дар назар нест, лекин он хоҳ-нохоҳ хатарнок аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...