ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ ИН РӮЗ
– Имрӯз дар “Кохи Лоиқ”-и шаҳри Панҷакент нахустин намоишгоҳи "Сӯзан” ҷамъбаст мегардад. Он 21-уми август ифтитоҳ гардида буд. Имрӯз охирин фурсатест, ки сокинону меҳмонон метавонанд аз соати 9:00 то 19:00 аз намоишгоҳ боздид кунанд.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 АВГУСТ
Соли 1990 – Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санад нахустин маротиба мақсаду иродаи халқи Тоҷикистонро барои соҳиб шудан ба истиқлолият эълон кард. Дар Эъломия ҳуқуқи халқи тоҷик ба худмуайянкунӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Таъкид мешуд, ки қонунҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бартарӣ доранд ва минбаъд муносибат бо дигар ҷумҳуриҳо бар асоси баробарҳуқуқӣ сурат мегирад.
Соли 1999 – Аввалин парвози ҳавопаймои ТУ-154 дар масири Душанбе – Мюнхен сурат гирифт ва иртиботи ҳавоии Душанбе бо Аврупо оғоз гардид.
Соли 2016 – Роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва корхонаи сементбарории “Ҷунгтсай Моҳир Семент” ба кор оғоз кард.
Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи авф”-ро имзо кард, ки он 15-умин авф дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон буд ва нисбати тақрибан 12 ҳазор гумонбар, муттаҳам, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ гардид.
Соли 2020 – Раҳматилло Зойиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон намуд, ки номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод намекунад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1908 – Зодрӯзи Султон Умаров, физикдони тоҷик, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ.
Султон Умаров хатмкардаи Академияи омӯзгории Самарқанд буда, аз соли 1957 дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Ӯ пеш аз ба Тоҷикистон омадан солҳо дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст.
Ӯ аввал мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва мудири шуъбаи физика ва математикаи Академияи илмҳо буд. Баъдан ҳамчун президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ фаъолият намуд.
Султон Умаров яке аз донишманди барҷастаи физика мебошад. Оид ба физикаи ядро, электроникаи физикӣ, механикаи статистикӣ, назарияи асбобҳои нимноқилӣ, инчунин фалсафаи табиатшиносӣ таҳқиқоти судманд анҷом додааст.
Ӯ 6-уми майи соли 1964 дар 55-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 1929 – Мавлуди Пӯлод Толис, нависандаи тоҷик.
Пӯлод Толис, ки яке аз нависандагони шинохтаи тоҷик аст, дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Ӯ аввал як муддат ҳунарпешаи театри драмавӣ буда, баъдан дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”, маҷаллаи “Пионер” ва нашриёти давлатии Тоҷикистон кор кардааст.
Пӯлод Толис соли 1953 котиби масъул, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи “Шарқи сурх” таъин гардид.
Ҳиссаи ӯ дар пешрафти насри тоҷик сазовор баҳо дода мешавад. Ҳикояи аввалини ӯ соли 1946 эҷод гардидааст. Баъдан китобҳои “Чароғҳо”, “Ҳикояҳо”, “Дар сари роҳи калон”, “Ҳикояҳои даҳ сол” пайиҳам интишор шуданд.
Соли 1950 аввалин қиссаи Пӯлод Толис “Ҷавонӣ” ба табъ расид. “Тобистон” бошад беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад. Дар заминаи он филми ҳунарии “Тобистони соли 1943” ба саҳна гузошта шудааст.
Пӯлод Толис аз зумраи нависандагонест, ки дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯйи рози ниҳони кӯдакон пешдастанд.
Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои “Бузичаи ман”, “Бачагони қишлоқи мо”, “Мӯрчаяк”, “Ҳикояҳо барои бачагон” аст.
Пӯлод Толис 17-уми сентябри соли 1961 аз олам даргузашт.
Соли 1929 – Зодрӯзи Шарофиддин Сайфиддинов, бастакори маъруфи тоҷик, муаллифи суруди “Республикаи ман”.
Сайфиддинов Шарофиддин хатмкардаи омӯзишгоҳҳои мусиқии шаҳрҳои Ленинобод ва Сталинобод буда, соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи Маскавро хатм карда, ҳамзамон дар факултаи назарияи оҳангсозӣ низ таҳсил кардааст.
Ӯ давоми солҳои 1962-1984 раисии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистони шуравиро ба уҳда дошт. Ҳамзамон дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс мегуфт. Ӯ муассиси Академияи ҳунари мусиқӣ, феълан факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.
Миёни тамоми шеърҳое, ки оҳанг бастааст, суруди “Республикаи ман” бештар ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату маъруфият овард.
Номбурда 24-уми декабри соли 2015 дар синни 87 аз олам чашм баст.
Соли 1932 – Мавлуди Юсуф Носиров, доктори илмҳои биология, профессор.
Соли 1940 – Мавлуди Тамара Абдушукурова, ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик.
Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик буда, дар Ғарм, ноҳияе дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият кардааст.
Ин ҳунарпешаи тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам чанд сол дарс гуфта, як муддат муовин ва баъдтар ректори донишкадаи мазкур буд.
Тамара Абдушукурова солҳои 1990-1992 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода дар хотираҳо нақш бастааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.
Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ буда, ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва дигар намоишномаҳоро ба саҳна овардааст.
Ҳунарпеша 7-уми июли имсол дар синни 84 аз олам даргузашт.
Соли 1992 – Нурулло Ҳувайдуллоев, додситони кулли вақти Тоҷикистон ба қатл расид.
Нурулло Ҳувайдуллоев соли 1940 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятиро хатм кардааст.
Ӯ солҳо ҳамчун додситон ва додрас фаъолият кардааст. Ӯ додситони шуъбаи тафтишоти Прокуратураи Тоҷикистон шӯравӣ, раиси Суди халқии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маъмуриву ҳуқуқии Раёсати корҳои Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи мақомоти маъмурии КМ ҲК Тоҷикистон буд.
Ӯ як муддат ҳамчун додситони кулли Тоҷикистон фаъолият кард, аммо 24-уми августи соли 1992 дар авҷи камолот, ки ҳамагӣ 52 сол дошт, аз ҷониби қотилон ноҷавонмардонаву ваҳшиёна ба қатл расид.
Имрӯз яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев гузошта шудааст.
Соли 2023 – Муҳаббат Сатторӣ, ҳунарпешаи театр ва коргардони синамои тоҷик дар синни 56 даргузашт.
Муҳаббат Сатторӣ аз камтарин коргардонҳои зани муваффақ дар синамои тоҷик аст. Ӯ дар риштаи санъат роҳи худро аз ҳунарпешагӣ оғоз карда, баъдан ба коргардонӣ пардохт.
Ӯ дар намоишномаи “Шапарак хоб дид”, ки таҳти коргардонии Барзу Абдураззоқов ба саҳна омадааст, нақши асосиро бозидааст.
Муҳаббат Сатторӣ директори Ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо” буд ва чанд соли охир ҳамчун коргардон дар МД “Тоҷикфилм” фаъолият мекард.
Ӯ коргардон-таҳиягари филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Заррандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез модар”(продюсер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90-соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) буд.
Тавлиди филми “Заррандуд” ба Сатторӣ шӯҳрати зиёде овард.
Ӯ 24-уми августи соли 2023 дар 56-солагӣ аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 24-уми август Рӯзи “чипс” таҷлил мешавад. Соли 1853 ошпази амрикоӣ Ҷорҷ Крам дар шаҳри Саратога-Спрингс нахустин бор картошкаро ба порчаҳои тунук бурида, бирён кард ва бо намак омехт. Ин навъи таом ба як муштарӣ писанд омад ва хеле зуд маъруф шуд.
Чипс дар муддати кӯтоҳ ба таоми дӯстдоштаи мардум дар ҷаҳон табдил ёфт. Соли 1860 Ҷорҷ Крам тарабхонаи худро кушод ва дар ҳар миз сабади чипс мегузошт.
24-уми августи соли 79 милодӣ вулқони Везувий пас аз муддати тӯлонӣ ба оташфишонӣ оғоз кард. Ин фоҷиа шаҳрҳои Помпей ва Ҳеркуланумро ба коми хокистар кашид.
Субҳи ҳамон рӯз осмон торик шуд, сангрезаҳо аз осмон мерехтанд ва ҳазорҳо нафар ҳалок гардиданд. Аз 20 ҳазор сокини Помпей тақрибан 2 ҳазор нафар ҷон бохтанд. Аммо кӯчаҳо, хонаҳо ва ҳатто ашёи рӯзгор ҳамон тавр ҳифз шуданд, ки то лаҳзаи офат буданд.
24-уми августи соли 1998 мусиқинавози амрикоӣ Патрик Грант Рӯзи байналмилалии мусиқии ғайриоддиро таъсис дод. Ӯ мусиқиро дар жанрҳои гуногун, аз классикӣ то бо ҳам омезиш медод.
Барои пешбурди эҷодаш Грант барчаспи худро бо номи Strange Music таъсис дод ва санаи 24-уми августро, ки рӯзи таваллуди падараш буд, ҳамчун рӯзи байналмилалии мусиқии ғайриодӣ интихоб намуд.
Ҳадафи он шинос кардани мардум бо мусиқии наву ғайриоддӣ аст, ки дар радио ва телевизион шунида намешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


