Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 25  АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 АВГУСТ

Соли 1924 – Шумораи аввалини рӯзномаи “Овози тоҷик” ба нашр расид, ки он замон номи рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” буд. Соле пеш рӯзнома 100-сола шуд ва “Азия-Плюс” пиромуни он ки “Овози тоҷик” чӣ гуна ташкил шуд, чанд маротиба тағйири ном кард, кадом масоилро баррасӣ мекарду мекунад ва ҳолу ҳавои он дар ин шабу рӯз чист, матлаб омода кард, ки дар ин пайванд мутолиа кунед.

Соли 1959 – Дар Тоҷикистон Институти гастроэнтерология таъсис ёфт.

Соли 2008 – Дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон падару модаронро даъват кард, ки фарзандонашонро барои таҳсилоти динӣ ба хориҷ нафиристанд.

Соли 2011 – Дар Душанбе, дар паҳлӯи рости Қасри миллат муҷассамаи Нишони давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр мебошад.

Соли 2016 – Дар шаҳри Бохтар бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба истифода дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Мавлуди Ислом Бобохоҷаев, доктори илмҳои тиб, яке аз аввалин ташкилотчиёни ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон.

Ислом Бобохоҷаев хатмкардаи Институти тиббии Тошканд буда, солҳо дар муассисаҳои тиббӣ роҳбарӣ кардааст.

Ӯ сардори шуъбаи тандурустии вилояти Суғд, вазири нигаҳдории тандурустии Тоҷикистони шуравӣ, сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ, роҳбари бахши Институти таҳқиқоти илмии беҳдошти ба номи Эрисмани шаҳри Маскав, роҳбари бахши Институти таҳқиқоти илмии беҳдошт ва эпидемиологияи Маскав буд. Ӯ ҳамчунин вакили Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ дар даъвати дуюм буд.

Ислом Бобохоҷаев муаллифи беш аз 30 асари илмӣ оид ба ташкил ва такмили фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ мебошад.

Ӯ 3-юми июли соли 1992 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Мусамир Гулаҳмадов, сиёсатшинос, доктори илмҳои фалсафа, профессор.

Соли 1938 – Мавлуди Рафоатхон Самадова, олим, омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ.

Соли 1950 – Мавлуди Музаффар Азизов, риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Соли 1955 – Зодрӯзи Ҳоҷибой Тоҷибоев, ҳаҷвнигори маъруф ва ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷибой Тоҷибоев

Ҳоҷибой Тоҷибоев, ҳаҷвнигори маъруфи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 25-уми августи соли 1955 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст.

Соли 1978 Донишкадаи театри рассомии Тошкандро хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт. Чанд муддат дар театрҳои ба номи Шукур Бурҳонов ва Камоли Хуҷандӣ фаъолият кард ва сипас ба театри давлатии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба кор рафт.

Ҳаҷвнигор дар чанд филми “Ӯзбекфилм” ва намоишномаҳои телевизионӣ нақшҳои мазҳакавӣ бозидааст. Ӯ бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҳунарнамоӣ мекард.

Ҳоҷибой Тоҷибоев 24-уми июли соли 2008 дар синни 54 аз олам чашм баст ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд.

Соли 2013 – Ҳамид Мансуров, доктори илмҳои тиб, мудири пешини Институти гастроэнтерология дар синни 88 даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров фориғуттаҳсили техникуми тиббии шаҳри Самарқанд ва Институти тиббии Самарқанд ба номи Павлов аст. Ӯ як муддат дар кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, солҳо мудири ин кафедра буд.

Ӯ ҳамзамон ҳамчун директори Институти тадқиқоти илмии тиббӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст, кор мекард.

Беш аз 10 сол раиси комиссияи омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1990-1995 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  кор мекард.

Мансуров муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси “Проблемы гастроэнтрологии” буд.

Ӯ 25-уми августи соли 2013 дар синни 88 аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

25-уми август ҳамчун Рӯзи “таваллуд”-и яке аз маъруфтарин системаи оператсионии ҷаҳон – Linux таҷлил мешавад. Соли 1991 Линус Бенедикт Торвалдс, барномасози ҷавони финӣ аввалин версияи системаро эҷод кард. Дар оғоз худи Торвалдс ба муваффақияти он чандон бовар надошт, вале рамзи аслиро барои ҳама дастрас кард. Ин қадам садҳо барномасозонро аз кишварҳои гуногун ҷалб кард ва система босуръат рушд намуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1994 системаи оператсионӣ Linux аввалин маротиба расман нашр шуд. Соли 1995 тамғаи молии “Linux” расман сабт шуд.

Имрӯз Linux васеъ истифода мешавад. Барои рушди минбаъдаи система соли 2007 созмони ғайритиҷоратии The Linux Foundation таъсис ёфт. Худи Торвалдс то имрӯз дар такмил ва идоракунии ин лоиҳаи ҷаҳонӣ иштирок мекунад.

25-уми августи соли 1985 дар як садамаи ҳавопаймоӣ духтари амрикоӣ Саманта Смит, ки бо номи “сафири кӯчаки сулҳ” шинохта мешуд, ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 13-сола буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саргузашти Саманта соли 1982, замоне оғоз гардид, ки ӯ баъди хондани мақолае дар бораи Юрий Андропов, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ӯ чунин нома навишт:

“Оё шумо тарафдори ҷанг ҳастед ё сулҳ? Агар зидди ҷанг ҳастед, чӣ тавр онро пешгирӣ мекунед?”

Ин нома диққати Андроповро ҷалб кард ва ӯ шахсан ба Саманта ҷавоб дод, ҳатто ӯро бо оилааш даъват намуд. Соли 1983 Саманта ба Маскав, Ленинград сафар кард. Ӯ ҳамчун рамзи “дипломатияи кӯдакон” маъруф гашт ва умед мебахшид, ки сулҳ байни ду абарқудрат имконпазир аст.

Аммо рӯзи 25-уми августи соли 1985 ҳавопаймое, ки Саманта бо падараш савор буд, суқут кард ва ӯ ба ҳалокат расид.

25-уми август ҳамасола дар аксар кишварҳо Рӯзи бӯсаи сулҳовар ё “оштӣ” таҷлил мешавад. Мақсади ин рӯз хотиррасон кардани нақши бӯса ҳамчун василаи самарабахши оштӣ ва хотима додани муноқишаҳо аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...