То 4500 сомонӣ ҷарима. Барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар расман муҷозот таъин шуд

Asia-Plus

Минбаъд онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугару сеҳрдон рафта аз хидмати онҳо истифода мекунанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд ва аз 3750 то 4500 сомонӣ ҷарима мегарданд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дирӯз дар саҳифаи худ дар Телеграм навишт, ки тағйироти зарурӣ оид ба манъи истифода аз хадамоти фолбину ҷодугару сеҳрдонҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз 31-уми июли соли 2025 мавриди амал қарор гирифтааст.

Пешниҳоди муҷозот барои истифода аз хадамоти ҷодугару фолбину сеҳрдон аз сӯйи ҳукумати кишвар ба парлумон ироа шуда буд.

Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод, ки ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иловаи 1 (истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) ворид гардид.

“Тибқи талаботи моддаи мазкур, нисбати шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст”, – зикр мегардад дар хабар.

Бояд гуфт, як сол охир мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбину ҷодугарро пурзур кардаанд. Тобистони соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, ному аксҳояшонро дар махзани ВКД мегузорад.

Мақомот гуфта буданд, “мақсад аз ин кор пешгирӣ аз бовар ба фолбину ҷодугар аст, чун баъзе аз шаҳрвандон ба назди фолбину ҷодугарон рафта ба онҳо пул медиҳанд ва бо ин кор дар густариши фолбиниву ҷодугарӣ саҳм мегузоранд”.

Аммо аз он замон то ҳол теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ пурзур шуд. Парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро то 80-100 нишондиҳанда зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз илова гардид.

Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ба иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...