Дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавии Маркази миллии тестӣ (ММТ) аллакай ҷамъбаст шуданд. Ин ҳафта барои ҳазорон хонаводаҳо дар саросари кишвар пур аз ҳаяҷон, умед ва ниҳоят огоҳӣ аз натиҷаҳо буданд. Озмуни дохилшавӣ ба донишгоҳҳои тиббӣ чун анъана яке аз баландтаринҳо боқӣ мемонад ва холҳои гузариш довталабон ва волидонашонро водор месозанд, ки самараноктарин роҳҳои омодагиро ҷустуҷӯ намоянд.
Саволе пеш меояд, ки чӣ чиз довталабони муваффақро, ки холҳои баланд мегиранд ва ба буҷет дохил мешаванд, аз дигарон тафовут мегузорад?
Ин на танҳо хандаи бахт ё истеъдод аст, балки маҷмуи интизом, равиши дуруст ва маҳсули заҳмати пайвастаи чандмоҳа мебошад. Яке аз чунин довталабон Шаҳноза Имомова аст, ки имсол номи худро дар рӯйхати дохилшудагон ба ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба буҷет дид.
Мо аз рӯйи мақоли халқии “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” амал карда, бо Шаҳноза суҳбат кардем, то бифаҳмем, ки роҳи расидан ба орзу чӣ гуна аст, дар фосилаи рӯз чанд соат бояд омӯхт ва дар рӯзи муҳимму тақдирсоз чӣ гуна ба ҳаяҷон ва изтироб ғолиб омад.
“Дар имтиҳон танҳо хобам меомад”
– Шаҳноза, комёбӣ муборак шавад! Орзуи табиб шудан дар шумо аз даврони кӯдакӣ пайдо шуд?
– Ростӣ, то синфи ёздаҳум ман дар интихоби касб тасмими қатъӣ надоштам. Гоҳо фикр мекардам, ки ба равияи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супорам. Аммо волидонам пешниҳод карданд: “Агар бахши тибро интихоб кунӣ, имкониятат бештар мешаванд”. Ман розӣ шудам. Ва ҳамин тавр, моҳи август, қабл аз шуруи синфи ёздаҳ ба маркази омӯзишии Repetitor.tj рафтам. Онро интихоб кардам, зеро назарҳо ва афкори омма доир ба он хеле хуб буданд.
– Яъне, барои омодагӣ танҳо як соли таҳсил дар ихтиёр доштед. Барномаи рӯзонаатон чӣ гуна буд?
– Бале, ман дақиқан 11 моҳ тайёрӣ дидам. Баъзе фанҳо, масалан химия ва физика, интизоми сахт ва вақти бештар мехостанд. Аз ҳама бештар ба химия машғул мешудам, зеро баландтарин холро аз он ба даст меовардам.
Агар дарсҳо дар марказ аз соати 14:00 то 20:00 бошанд, ман аз соати 10:00 то 14:00 химия мехондам. Нисбат ба дигар фанҳо вақти бештарро барои омодагӣ ба химия сарф мекардам. Аммо дар ниҳоят баландтарин холро аз физика гирифтам — 100%. Аз забони тоҷикӣ — 95%, биология — 90%, химия — 85%. Саволҳои фанни химия имсол хеле душвор буданд. Дар як рӯз то 12 соат ба омӯзиш машғул мешудам.
– 12 соат дар рӯз — ин бори гарон аст. Шояд барои ҳифзи чунин ҳаҷми маълумот усул ва равишҳои махсусро ба кор бурдаед?
– Бале. Устоди фанни физика ба мо як усули хеле хубро ёд доданд: Фарз кардем, ки имрӯз шумо биологияро омӯхтед: дар дарси лексия ба шумо мавзуъро баён карданд, дар дарси амалӣ мисолу супоришотро ҳал кардед. Вақте ки шумо ба хона меоед, ба омӯзиши химияе, ки фардо дар нақша аст, шуруъ накунед, балки биологияро идома диҳед. Яъне, шумо як рӯзро комилан ба омӯзиши як фан бахшед.
Дар чунин ҳол маводе, ки дар давоми рӯз омӯхта шуд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад. Ин як равиши махсуси омӯзиш аст, ки ман онро то охири сол истифода кардам ва бештари ҳаммаслакон низ, ки аз ин равиш ба кор бурданд, дар ниҳоят холҳои хеле хуб ба даст оварданд.
– Дар рӯзи имтиҳон изтироб доштед?
– Ростӣ, аслан ҳаросе надоштам. Танҳо хеле хобам меомад. Ман мутмаин будам, ки дохил мешавам, холи баланд ба даст меорам, аз ин рӯ комилан ором будам.
– Вақте фаҳмидед, ки дохил шудед, чӣ ҳиссиёте фаро гирифт?
– Аввалан, эҳсоси роҳат намудам, ки ниҳоят метавонам фориғ бошам. Ва, албатта, шодӣ ва ифтихор аз худ. Волидонам ҳамроҳам гиря мекарданд — ҳеҷ гоҳ онҳоро чунин хушбахт надида будам!
Бешубҳа, дар паси чунин натиҷаҳои Шаҳноза муносибати системавӣ мавҷуд аст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз тарзу равишҳои эҷоди стратегияи муассири омодагӣ ва усулҳои канорагирӣ кардан аз хатоҳои маъмулӣ суҳбате доштем бо директори амалиётии маркази таълимии Repetitor.tj Ҳилолиддин Машарипов.
Иштибоҳоти асосӣ ҳанӯз қабл аз оғози омодагӣ содир мешаванд
– Ҳилолиддин, шумо солҳои зиёд довталабонро барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ омода мекунед. Се иштибоҳоти маъмуле, ки довталабон ва волидонашон содир мекунанд, кадомҳоянд?
– Аввалин ва асоситарин иштибоҳ – таъхир ба омодагӣ.
Бисёриҳо моҳи декабр ё январ муроҷиат мекунанд, баъзеҳо ҳатто як ҳафта пеш аз имтиҳонот. Аммо барномаи мо ҳадди ақал барои 1 соли таҳсил пешбинӣ шудааст. Омӯзиши ҳамаи фанҳо дар мо аз сифр шуруъ мегардад. Дар барномаи мактаби миёна омӯзиши фанни химия барои 4 сол, физика 5 сол, биология 7 сол, забони тоҷикӣ 11 сол пешбинӣ шудааст.
Мо чунин ҳаҷми маълумотро дар 11 моҳ ҷамъбаст мекунем, бар замми он омӯзиш аз рӯйи чор фан дар як вақт сурат мегирад. Агар кас дар миёнаи таҳсил ҳамроҳ шавад, азхудкунии маълумот бисёр мушкил мешавад.
Дувум: нодида гирифтани аҳамияти ҳамаи фанҳо.
Барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ (кластер 5 ММТ) донистани ҳар чор фан: химия, биология, физика ва забони тоҷикӣ зарур аст. Баъзеҳо мегӯянд: "Ман мехоҳам химия ва биологияро омӯзам, омӯзиши физика ва забони тоҷикӣ ба ман лозим нест, худам онро ҳал хоҳам кард". Мо мефаҳмонем, ки бе дониши мукаммал аз рӯйи чор фан дохил шудан ғайриимкон аст. Агар яке аз онҳо сарфи назар шаванд, шонси дохилшавӣ бамаротиб кам мешавад.
Савум: нодида гирифтани мураккабии раванд.
Довталабон бояд омода бошанд, ки ин роҳ хеле мураккаб ва душвор аст, хусусан дар се моҳи аввал. Мо батаъкид мегӯем, ки вақте ба низом мутобиқ шуданд, тавсияҳои омӯзгоронро ба кор бурданд, ниҳоят, ҳамааш хуб мешавад.
– Пас, чӣ гуна бояд оғоз кард? Чӣ барномаеро саҳеҳан таҳия бояд намуд, то дар моҳҳои аввал истодагарӣ кард?
– Дар навбати аввал, бояд ба таври равонӣ омода шуд, ки як зумра душвориҳо пеш меоянд, новобаста аз онҳо бояд пеш қадам зад. Баъдан, қоидаҳои омӯзиши дурустро бояд омӯхт. Мо дарси махсуси омӯзишӣ дорем, ки дар он тамоми принсипҳои омӯзиши дурустро ёд медиҳем.
Масалан, мо довталабонро меомӯзем, ки машғул шудан ба ҳалли тестҳо дар платформа танҳо дар сурати пурра аз худ кардани мавзуъ аз тариқи китоб ва дафтарҳои фаннӣ шуруъ гардад. Тестҳо василаи мустаҳкамкунии донишанд, на омӯзиш.
Боз як хатои маъмул —ин ба таъхир гузоштани омӯзиш аст. Баъзеҳо чанд рӯз пеш аз имтиҳони ҳармоҳа ҷиддан ба омӯзиш машғул мешаванд. Ин муносибати нодуруст аст. Беҳтар он аст, ки ҳар рӯз кам-кам омӯзӣ, на он ки дар фосилаи кӯтоҳи вақт якбора зиёд ба омӯзиш машғул шавӣ. Ҳамаи ин қоидаҳо дар курси "Раҳнамои толибилм" дар платформаи Repetitor.Mobi тавсиф мешаванд.
– Доир ба Repetitor.Mobi маълумоти муфассал пешниҳод намоед, ки ин, яъне чист?
– Repetitor.Mobi платформаест, ки маркази мо махсус барои омодасозии довталабон таҳия кардааст ва дар Тоҷикистон ҳамто надорад. Он алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дорад, ки ба хонандагон барои дуруст ба роҳ мондани раванди омӯзиш кумак мекунад. Технологияи асосӣ дар ин ҷо системаи такрори фосилавӣ мебошад.
– Ин чӣ система аст ва чӣ гуна кор мекунад?
– Система алгоритмҳои оқилонаеро ба кор мебарад, ки дар асоси ҳаҷми калони маълумот сохта шуда, муайян мекунад, ки кай донишҷӯ маводро фаромӯш мекунад ва зарурати такрори маълумотро пешниҳод менамояд.
Ин аз як тараф, вақти хонандаро сарфа мекунад, аз тарафи дигар, дониши онҳоро ба таври мукаммал таҳким мебахшад. Repetitor.Mobi – илова ба машғулиятҳоест, ки хонандагон дар марказҳои мо мегузаранд ва ҳар касе, ки барои таҳсил ба мо муроҷиат мекунад, ба ин платформаро дастрасии ройгон пайдо мекунад.
– Ба ғайр аз донишҳои мактабӣ, бояд вижагиҳои худи имтиҳонотро донист. Лутфан бигӯед, ки тестҳои ММТ чӣ махсусиятҳоро дорост?
– Имтиҳонҳои ММТ стандарти возеҳ доранд: саволҳои кушода, пӯшида ва мувофиқат. Манбаи тестҳои мо (фарогири бештар аз 70 ҳазор) комилан ба ин стандартҳо ҷавобгӯ мебошад.
Мо ҳар сол варақаҳои имтиҳониро таҳлил мекунем, ба таносуби саволҳо аз бахшҳои гуногун ва сатҳи душвории онҳо назар мекунем. Масалан, дар биология чор бахш мавҷуд аст: ботаника, зоология, анатомия ва биологияи умумӣ. Мо фоизи саволҳои имтиҳониро дар ҳар як бахш таҳлил ва дар асоси он барномаи таълимии худро мутобиқ месозем.
Ғайр аз он, барои омодагии равонии хонандагон, мо ҳар моҳ имтиҳон ташкил мекунем, ки шакли имтиҳони ММТ-ро комилан тақлид мекунад: ҳамон варақаҳо ва ҳамон фосилаи вақт – 3 соату 40 дақиқа. Хонандае, ки дар тӯли як сол 11 маротиба чунин имтиҳонотро супоридааст, дар маротибаи дувоздаҳум, яъне имтиҳони воқеӣ, худро хеле озод ва боэътимод ҳис мекунад.
– Ва ниҳоят саволи охирин, вале хеле муҳим: нақши волидон дар ин раванд чист?
– Волидон дар ин раванд нақши бузург доранд. Баъзан онҳо бо гузашт кардан ба фарзандонашон зарар мерасонанд. Иҷозат медиҳанд, ки ба ҷойи чор фан се фанро омӯзанд ё дарсҳоро тарк кунанд.
Ҳадафи мо на танҳо омодасозии хонандагон ба имтиҳони дохилшавӣ, балки мутобиқ кардани онҳо ба меҳнати вазнин ва реҷаи минбаъдаи донишгоҳ дар роҳи омодашавии пизишкони оянда мебошад. Мо боварӣ дорем, ки хонандагонро ба ҳар шароити минбаъда ва пешомадҳои сангин омода месозем.
Роҳи расидан ба тиб марафон аст, на спринт
Тавре таҷрибаи Шаҳноза ва коршиносон нишон медиҳад, дар ин ҷода танҳо бо стратегияи дақиқ, интизом ва дастгирии дуруст метавон ба марра расид.
Айни ҳол маркази омӯзишии Repetitor.tj қабули довталабонро барои омодагӣ ба донишгоҳҳои тиббӣ оғоз кардааст. Омӯзиши довталабон аз рӯйи ҳамаи фанҳои зарурӣ — химия, биология, физика ва забони тоҷикӣ аз сифр шуруъ мегардад.
Нишона ва рақамҳо барои тамос бо маркази омӯзии Repetitor.tj
ш. Душанбе, Филиал «Ватан», кӯчаи Айнӣ 29/9 (МС “Ватан”)
(+992) 003-003-007
ш. Душанбе, Филиал «ЦУМ», хиёбони Рӯдакӣ 66 (рӯ ба рӯйи DeFacto)
(+992) 003-003-077
ш. Душанбе, Филиал «82 мкр», кӯчаи Б. Ғафуров 32А (рӯ ба рӯйи МС «Саодат»)
(+992) 003-003-082
ш. Хуҷанд, Филиал «Кооператор», хиёбони Камоли Хуҷандӣ 140 (Гимназияи №4)
(+992) 003-003-055
ш. Хуҷанд, Филиал «маҳаллаи 19», маҳаллаи 19, хонаи 38 (рӯ ба рӯйи Кохи матбуот)
(+992) 003-003-066
ш. Турсунзода, Филиал «Турсунзода», кӯчаи И. Сомонӣ 6 (рӯ ба рӯйи Боғи марказӣ)
(+992) 003-003-032
ш. Исфара, Филиал «Ҷаҳони Нав», бинои «Ҷаҳони Нав», ошёнаи 3 (+992) 003-003-099
н. Ҷаббор Расулов, Филиал “Меҳробод”, шаҳраки Меҳробод, Гимназияи Пайравон (наздикии Корхонаи пахтатозакӣ)
(+992) 003-003-007


