Маоши миёна дар Тоҷикистон зиёд шуд, лекин ҳоло ҳам пасттарин дар минтақа аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон, ки ба коргарони кироя пардохт мешавад, моҳи июни соли равон 3136,12 сомонӣ ё худ 314 долларро ташкил додааст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда ба андозаи 21,4% зиёдтар нисбат ба моҳи июни соли 2024 мебошад.

Музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақалл) дар сатҳи 800 сомонӣ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, музди меҳнати воқеӣ дар моҳи июни соли 2025 дар муқоиса бо моҳи июни соли 2024 ба андозаи 17,2% афзудааст.

Музди меҳнати номиналӣ ва воқеӣ бо он фарқ мекунанд, ки чӣ гуна имконоти харидорӣ аз даромадро нишон медиҳанд. Музди меҳнати номиналӣ маблағест, ки корманд барои заҳмати худ дар ифодаи пулӣ мегирад. Он дар шартномаҳои меҳнатӣ, варақаҳои ҳисобу китоб зикр шуда, ба корти бонкӣ гузаронида мешавад. Музди меҳнати воқеӣ нишондиҳандаи он аст, ки бо маоши номиналӣ чӣ қадар метавон молу маҳсулот харид ва аз кадом хидматрасониҳо истифода бурд. Он ба сатҳи нархҳо (таваррум) вобаста аст.

Дар моҳи июни соли 2025 маоши пасттарин дар ҷумҳурӣ ба кормандони бахши кишоварзӣ – 1082,31 сомонӣ ва аз ҳама баландтарин ба кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта – 7703,32 сомонӣ пардохт шудааст.

Дар минтақа чӣ гуна аст?

Тибқи маълумоти Кумитаи омори Қирғизистон, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 маоши миёнаи номиналии як корманд бидуни назардошти корхонаҳои хурд 42 020 сом (481 доллар)-ро ташкил додааст, ки 19,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар Ӯзбекистон бино ба маълумоти Кумитаи миллии омори ин кишвар, дар аввали нимсолаи соли равон маоши миёнаи номиналӣ 5,98 млн сӯм (484 доллар)-ро ташкил додааст, ки 17,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Мувофиқи маълумоти Бюрои миллии омори Қаззоқистон, дар семоҳаи аввали соли 2025 музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар ин кишвар 423 133 танга (қариб 790 доллар)-ро ташкил додааст, кии 10,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Бино ба маълумоти мақомоти омор (Росстат)-и Русия, дар моҳи майи соли 2025 музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар ин кишвар 99 422 рубл (1231 доллар)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...