Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба Qingdao Grand Prix 2025 меравад. Ба ҳайат киҳо шомиланд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 26 то 28 сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин яке аз мусобиқаҳои пурнуфузи байнулмилалӣ оид ба ҷудо – Qingdao Grand Prix баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад. Дар он аз иштироки зиёда аз 20 дастаи мунтахаби кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳам устодони соҳибтаҷриба ва ҳамистеъдодҳои ҷавон рақобат мекунанд.  

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду – 60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду – 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг),  Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг).

Аз ҳунарнамоии яке аз ҷудокорони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков умедвориҳои зиёд ҳаст. Ҳамчунин дигар ҷудокорони маъруф Абӯбакр Шеров ва Обид Ҷебов ҳам омодаанд, ки барои ҷоизаҳо мубориза баранд.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок дар Qingdao Grand Prix 2025 на танҳо имкон барои санҷиши қувва пеш аз оғози мусобиқаҳои минтақавӣ, балки имкони дарёфти холҳо дар радабандиҳомии IJF аст. Ин холҳо мустақиман ба тақсими квотаҳо барои Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес таъсир мерасонанд.

Рақобат хеле шадид хоҳад буд: ин мусобиқа маъмулан ҷудокорони пурқувваттаринро гирдиҳам оварда, марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин дарёти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2028 маҳсуб меёбад.

Созмондиҳандагон мусобиқа сохтори маъмули серӯзаро нигоҳ доштаанд – рӯзи аввал, 26 сентябр: мардон 60 кг, 66 кг, занон: 48 кг, 52 кг, 57 кг; рӯзи дуюм, 27 сентябр мардон 73 кг, 81 кг, занон 63 кг, 70 кг; рӯзи сеюм, 28 сентябр: мардон 90 кг, 100 кг, +100 кг, занон: 78 кг, +78 кг.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...