Сохтмони хонаҳои дар заминларза қисман зарардидаи Рашту Тоҷикобод кай ба итмом мерасад?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомот мегӯянд, ки то имрӯз 70 дарсади корҳои бозсозии хонаҳои сокинони Рашт ва Тоҷикобод, ки дар заминларза қисман осеб дида буданд, иҷро шудаанд. Дирӯз ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра вайрон шуда буд, манзили нави зист супорида шуд. Хонаҳои қисман зарардида низ бояд то 1-уми ноябр ба истифода дода шавад.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, фаъолияти комиссияи вижа “ҷиҳати барқарорсозии хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар минтақаи Рашт идома дорад”.

“Дар  ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурхи ноҳия Рашт 230 корманди идораву муассисаҳои давлатӣ барои сохтани хонаҳои истиқоматии  қисман зарардида, сафарбар гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар 34 адад хонаҳои пурра зарардида пурра ба анҷом расида, дар хонаҳои қисман  осебдида идома доранд”, – гуфтанд аз КҲФ.

 

Аз КҲФ гуфтанд, ки то ҳол дар хонаҳои қисман зарардидаи ноҳияи Рашт корҳои сохтмонӣ дар чунин марҳила қарор дорад:

-дар 116 хона —  корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунӣ (100%);

-дар 116 хона — кандани хандақ  (100%);

-дар 116 хона — рехтани таҳкурсӣ (100%);

-дар 116 хона — сохтани таҳкурсӣ (100%);

-дар 116 хона — насби қолаб (100%);

-дар 116 хона — бардоштани девор (100%);

-дар 116 хона — сохтани сутун ва тасмаи оҳану бетонӣ (100%);

-дар 116 хона —пӯшонидани бом (аз 50% то 100%);

-дар 95 хона — андова (аз 50% то 100%);

-дар 81 хона — насби дару тиреза (аз 50% то 100%);

-дар 64 хона — сохтани фаршу шифт (аз 40% то 100%);

-дар 55 хона — корҳои рангу бор (аз 50 % то100 %).

 

Ҳамчунин, дар хонаҳои қисман зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод чунин корҳои сохтмонӣ то ҳол ба анҷом расидааст:

– дар 164 хона — корҳои ҳамворкунии замин (100%);

– дар 164 хона — кандани хандақ (100%);

– дар 164 хона — сохтани таҳкурсӣ то сатҳи замин (100%);

-дар 164 хона — сохтани таҳкурсӣ то девор (100%);

-дар 164 хона — насби қолаб барои рехтани семент (100%);

– дар 163 хона — бардоштани девор (100%)

– 1 хона — бардоштани девор шуруъ нашудааст;

– дар 161 хона — сохтани  бом ва болопӯш (аз 10% то 100%);

– дар 146 хона —андова (аз 10% то 100%);

– дар 105 хона — насби дару тиреза (аз 50% то 100%);

– дар 93 хона — сохтани фаршу шифт (аз 10% то 100%);

– дар 51 хона — корҳои рангу бор (аз 10 то 100%);

– дар 9 хона — сохтмони хонаҳо пурра ба анҷом расидааст.

Аз КҲФ санаи дақиқи ба итмом расидани корҳои сохтмони хонаҳои қисман зарардидаро нагуфтанд.

Бояд гуфт, ки тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо бояд то 1-уми ноябри имсол пурра сохта, ба истифода дода шавад.

Дирӯз, 26-уми август раисҷумҳури кишвар ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра зарар дида буданд калиди манзили зисти навашонро супорид.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои КҲФ зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...