Пагоҳ “Рӯзи китоб” аст. Ба ин муносибат дар пойтахт кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?

Date:

Пагоҳ, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои боз" эълон гардида, ҳамчунин, дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор мешавад.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин ҳама “бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи маънавӣ” гузаронида мешавад.

Намоиш ва фурӯши китобҳо соати 10:00 дар саҳни Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар оғоз шуда, то соати 16:00 идома мекунад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо китобҳои тозанашрро дастрас кунанд.

 

Ду рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи китоб, рӯзҳои 4 ва 5-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” баргузор мегардад.

Аз Китобхонаи миллӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд.

Гуфта мешавад, ки роҳбаладон, ба меҳмонони боргоҳи маърифат кумак мекунанд.

Инчунин, дар ин рӯз дар Китобхонаи миллӣ “Маҳфили ҳамешабаҳор” дар мавзуи “Баҳори китоб” баргузор мешавад. Маҳфил соати 19:00 оғоз шуда, иштирок дар он ройгон аст. Роҳбарии маҳфилро шоир Хайрандеш бар уҳда дорад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи китоб” таҷлил мегардад. Таърихи ин ҷашн аз гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар санаи 4-уми сентябри соли 2007 оғоз гардидааст. Ба ин муносибат ҳамасола дар кишвар чорабиниҳои мухталиф баргуҳор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...