Дар сафорати Афғонистон барои гиромидоштӣ қурбониёни заминҷунбӣ дар шарқи ин кишвар дафтари ёдбуд боз гардид

Имрӯз, 3-юми сентябр дар Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти  ҷонбохтагони зилзилаи шаби 31-уми август ва 1-уми сентябр, ки беш аз 1400 кушта ба ҷой гузошт, дафтари ёдбуд кушода шуд. Дар ин бора аз сафорат ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, парчами Афғонистон ба ҳолати нимаафрошта даромад, "то нишоне аз андӯҳ ва ҳамбастагӣ бо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 3-юми сентябр дар Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба хотири гиромидошти  ҷонбохтагони зилзилаи шаби 31-уми август ва 1-уми сентябр, ки беш аз 1400 кушта ба ҷой гузошт, дафтари ёдбуд кушода шуд.

Дар ин бора аз сафорат ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, парчами Афғонистон ба ҳолати нимаафрошта даромад, "то нишоне аз андӯҳ ва ҳамбастагӣ бо мардуми доғдори Афғонистон бошад".

Манбаъ гуфт, касе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафорат наомад, вале Сироҷиддин Муҳриддин, вазир, ба далели дар хориҷи кишвар будан, тариқи телефон ба Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон изҳори таслият баён кардааст.

Ҳамчунин, як зумра олимону зиёиёни тоҷик ҳам ба сафорат рафта, ба мардуми Афғонистон ҳамдардӣ баён кардаанд.

Барои арзи таслият инчунин сафирону масъулони Эрон, Олмон, Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Фаронса, Суис, Ҷопон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳинд, Куриё, Фаластин ва дигар кишварҳо ба Сафорати Афғонистон дар Душанбе омадаанд.

Бояд гуфт, ки дафтари ёдбуд танҳо барои як рӯз боз гардид.

Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадиди 6-балла, ки шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр дар шарқи Афғонистон рух дод, тибқи иттилои охир, беш аз 1400 кас ҷон бохта, ҳудуди 2500 тани дигар захмӣ шуданд.

Дирӯз, 2-юми сентябр ВКХ кишвар, дар робита ба ин ҳаводис ҳамдардии Тоҷикистонро ба мардуми азиятдидаи ин кишвар ирсол кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.