Тоҷикистон аз Чин интернет ворид мекунад

Ҳадафи тасмим пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо Чин, беҳтар кардани суръат ва арзиши интернет дар кишвар мебошад. То имрӯз 108 км хатҳои оптикӣ ва симчубҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз насб шудаанд. Бахтовар Абдусаторров, муовини аввали директори генералии "Тоҷиктелеком", ки ин лоиҳаро амалӣ мекунад, гуфт, татбиқи ин лоиҳа барои афзун кардани иқтидори канали […]

Эмомалӣ Саидзода, Asia-Plus

Ҳадафи тасмим пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо Чин, беҳтар кардани суръат ва арзиши интернет дар кишвар мебошад. То имрӯз 108 км хатҳои оптикӣ ва симчубҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз насб шудаанд.

Бахтовар Абдусаторров, муовини аввали директори генералии "Тоҷиктелеком", ки ин лоиҳаро амалӣ мекунад, гуфт, татбиқи ин лоиҳа барои афзун кардани иқтидори канали интернет кӯмак мекунад, ки дар натиҷа арзиши интернет поён рафта, барои операторони мобилӣ имконияти пешниҳод кардани хидматрасонии арзонтар фароҳам меояд.

Шеравган Холзода, муҳандиси лоиҳа мегӯяд, ноқилҳои 48-қабата (жила)-и оптикиро аз Душанбе то Хоруғ кашида, дар марҳилаи баъдӣ, то сарҳади Чин идома хоҳанд дод.

Бештар, дар навори мо тамошо кунед:

Бояд гуфт, ки ҳамарӯза сокинони Тоҷикистон аз нархи баланд ва сифати пасти инетрнет дар Тоҷикистон шиикоят мекунанд. Дар раддабандии арзиши интернети мобилӣ барои соли 2024, ки “Global Relocate”таҳия кардааст, Тоҷикистон дар байни 238 кишвар ва қаламравҳои вобаста дар ҷойи 142-ум қарор дорад. Мувофиқи иттилои ин раддабандӣ, арзиши миёнаи 1 ГБ интернет дар кишвар 1,65 долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.