ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 4 СЕНТЯБР
– Имрӯз, ба муносибати “Рӯзи китоб”, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 4-уми сентябр таҷлил мешавад, соати 10:00 дар саҳни Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор мешавад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо китобҳои тозанашрро дастрас кунанд.
– Имрӯз, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” баргузор мегардад ва то 5-уми сентябр идома мекунад. Давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд.
– Имрӯз, соати 19:00 дар назди Китобхонаи миллӣ “Маҳфили ҳамешабаҳор” дар мавзуи “Баҳори китоб” баргузор мешавад. Иштирок дар он ройгон аст. Роҳбарии маҳфилро шоир Хайрандеш бар уҳда дорад.
– Имрӯз дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Эрон дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” бо ҳам рақобат мекунанд. Набарди дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:30 оғоз мегардад.
– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 СЕНТЯБР
Дар ин рӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад. Он аз рӯзи гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳадафи асосии он баланд бардоштани мақоми китоб, эҳёи суннати китобдорӣ ва китобхонӣ, тарғиби фарҳанги мутолиа ва эҳтиром ба китоб дар ҷомеа мебошад.
Тоҷикистон аз азал сарзамини илму фарҳанг буда, бузургонеро ба дунё овардааст, ки осори гаронбаҳои онҳо на танҳо дар сарзамини мо, балки дар тамоми ҷаҳон маъруф аст. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳо дигар мутафаккирон маҳз ба воситаи китоб ба ҷаҳониён расидааст. Аз ин ҷост, ки китоб дар таърихи халқи тоҷик на танҳо манбаи дониш, балки рамзи худшиносӣ ва пойдории фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 1960 – Корхонаи сементбарории Душанбе (ҳоло “Тоҷиксемент”) ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2006 – Нахустин ва ягона шабакаи телеҷизионии кӯдакона дар кишвар – “Баҳористон” ифтитоҳ ёфт.
Соли 2009 – Дар Варзоб хати баландшиддати барқии “Ҷануб – Шимол” (500 кВ), ки онро ширкати чинии TVEA бунёд карда буд, мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2013 – Дар пойгоҳи Институти гастроэнтерологияи Душанбе лабораторияи нав ифтитоҳ шуд.
Соли 2015 – Ба Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва инчунин ба идораи марказии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷа 9 нафар кушта шуданд. Дар ин ҳамлаҳо собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) муттаҳам дониста шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1917 – Мавлуди Ҳақназар Кабуд, гӯрғулисарои тоҷик.
Соли 1928 – Зодрӯзи Акобир Адҳамов, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, собиқ директори Институти физика.
Акобир Адҳамов яке аз чеҳраҳои намоёни илми тоҷик дар соҳаи физика буд. Адҳамов соли 1949 факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистонро хатм намуд ва сипас таҳсилро дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав идома дода, соли 1953 онро ба анҷом расонд.
Ӯ фаъолияти педагогӣ ва илмии худро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин оғоз намуда, солҳои 1954-1965 ба ҳайси муаллими калон, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назарӣ, декани факултети физика ва математика ва баъдан ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 1965 то 1968 Адҳамов саркотиби илмии Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон ва баъдтар директори Институти физикаи ба номи С. У. Умаров гардид. Солҳои 1976-1984 академик-котиби шуъбаи илмҳои физика, риёзиёт, геология ва кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Самти асосии таҳқиқоти илмии ӯ ба акустикаи молекулавӣ ва назарияи кинетикии паҳншавии мавҷҳои ултрасадо марбут аст. Адҳамов нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъот таҳия кард ва ҳамчунин назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзати моддаҳои ғайриякҷинса ва ҳодисаҳои интиқолро мавриди омӯзиш қарор дод.
Соли 1948 – Мавлуди Фарҳод Низомов, мусиқишиноси тоҷик.
Соли 1992 – Мавлуди Умедҷон Шарипов, футболбози тоҷик.
Соли 2023 – Шерали Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон ва яке аз овозхонҳои шинохта дар синни 77 даргузашт.
Ӯ дар ҳавзаи ҳунарии кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа Тоҷикистон маҳбубияти баланд дошт. Ӯ бо забони тоҷикӣ низ суруд месароид.
Шералӣ Ҷӯраев ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии СССР, дӯстиву рафоқати амиқ дошт ва борҳо онҳо сурудҳои дуэт сароидаанд.
Моҳи августи соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳояш дар санъати тоҷик ба Шералӣ Ҷӯраев унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро дод.
Шералӣ Ҷӯраев соли 1947 дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таваллуд шуда буд. Соли 1971 Донишкадаи театрию рассомии Тошкандро хатм кард ва фаъолияти меҳнатиашро соли 1972 дар ансамбли “Шодлик” оғоз бахшид.
Овозхони Филармонияи вилояти Андиҷон, Филармонияи давлатии Ӯзбекистон, иттиҳодияи “Ӯзбекнаво” ва муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ҳам буд.
Ҷӯраев дар тӯли солҳои фаъолияти эҷодии худ беш аз ҳазор суруд сароида, беш аз 600 асар эҷод кардааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи консерти театрии “Таърих месарояд”, сенарист ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми бадеии “Шералӣ ва Ойбарчин” мебошад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1888 Ҷорҷ Истман барои камераи аксбардорӣ, ки бо плёнкаи акс пур мешуд, патент гирифт ва тамғаи “Кодак”-ро ба қайд гирифт. Таърихи “Кодак” аз соли 1880 оғоз мешавад, вақте ки Истман усули истеҳсоли лавҳаҳои манфии хушкро ихтироъ кард ва ширкати “Сухие пластинки Истмана”-ро таъсис дод. Мақсади ӯ сода ва оммавӣ гардондани раванди аксбардорӣ буд.
Соли 1888 аввалин модели нави фотоаппарати кӯчак сохта шуд, ки ба ҷои таҷҳизоти бузурги камера, штатив, лавҳаҳои шишагӣ ва маводи кимиёвӣ, танҳо як дастгоҳи сабуку қулай буд. Ин модел хеле зуд маъруф гардид.
Истман калимаи “Kodak”-ро худаш ихтироъ карда, онро соли 1888 ҳамчун тамғаи тиҷоратӣ сабт намуд. Соли 1890 ширкат расман номи "Eastman Kodak Company"-ро гирифт.
Соли 1781 ба шаҳри Лос-Анҷелес асос гузошта шудааст. Аввалин мардуми аҳолинишин дар ин мавзеъро испаниҳо бо номи “Деҳаи Бонуи Марям, Маликаи Фариштагон” (El Pueblo de Los Ángeles) бунёд карданд. Соли 1850 Лос-Анҷелес мақоми шаҳр гирифт.
Имрӯз Лос-Анҷелес бузургтарин шаҳри Калифорния ва дувумин шаҳри сернуфуси Амрико (ҳудуди 4 млн нафар) мебошад. Онро “шаҳри роҳҳо” низ меноманд. Шӯҳрати ҷаҳонии шаҳр бо Ҳолливуд ва боғи машҳури Диснейленд вобаста аст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


