Аз 1 сентябр нархи истифодаи обу корез дар Душанбе баланд шуд

Asia-Plus

Аз 1-уми сентябри соли 2025 бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагон тағйир ёфт.

Қарори шаҳрдори Душанберо дар бораи тағйири нархи оби нӯшокӣ ва корез Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар саҳифаи фейсбуки худ нашр кардааст.

 

Бо насби ҳисобкунак

Тибқи ин қарор, барои онҳое, ки пули обро тариқи ҳисобкунак пардохт мекунанд, нархи оби нӯшокӣ чунин хоҳад буд:

Аҳолӣ – 2,60 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2,26 сомонӣ);

Ташкилоти буҷетӣ – 3,59 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2, 77 сомонӣ);

Ташкилоти тиҷоратӣ – 9,10 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 4,28 сомонӣ).

 

Бе насби ҳисобкунак

Онҳое, ки бидуни насби ҳисобкунак пули обро пардохт мекунанд, нарх барои 1 нафар ва дар як моҳ, ба таври зайл муқарар шудааст:

Барои биноҳои баландошёна – 28,07 сомонӣ (пештар 10,61 сомонӣ);

Барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва корез таъминбуда – 23,39 сомонӣ (пештар 7,1 сомонӣ);

Барои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд – 7,41 сомонӣ (4,94 сомонӣ).

То ин замон сокинони кишвар барои обу корез ва партов чанд пул пардохт мекарданд дар матлаби “Оби нӯшокӣ, партов ва корез: сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои хадамоти коммуналӣ чанд пул пардохт мекунанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...