ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
– Имрӯз дар театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов соати 16:30 намоиши “Ношинос-32” ба саҳна гузошта мешавад. Чиптаҳоро аз хазинаи ин театр дастрас карда метавонед.
– Дар “Serena Art Gallery” намоиши асарҳои Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро тамошо кунанд.
– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.
– Дар Душанбе нахустин маротиба 16-18 сентябр Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар форум масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1933 – Канали обгузари Вахш ба истифода дода шуд.
2012 – Дар Тоҷикистон 12 нафар, ки дар узвият ба созмони ифротгароии мамнӯи “Ансоруллоҳ” гунаҳгор дониста шуданд, аз 5 то 24 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
2016 – Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ифтихори собиқ раиси Иттифоқ, ки 10 сол роҳбарии ИЖТ-ро ба ӯҳда дошт, медали “Акбари Саттор”-ро таъсис дод.
2018 – Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” ба кор даромад, ки яке аз баландтарин нерӯгоҳҳои барқи обии ҷаҳон ба шумор меравад.
2020 – Дар Панҷакент “Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм” ифтитоҳ ёфт.
ШАХСИЯТҲО
1907 – Мавлуди Ҳошим Қосимов, овозхони тоҷик.
1910 – Аҳмадулло Абдулло́ев, сарояндаи тоҷик дар синни 56 даргузашт.
1929 – Мавлуди Ҷонон Бобокалонова, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
1955 – Раҳимбердӣ Алиқулов, риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика таваллуд шудааст.
1956 – Мавлуди Акбар Назаров, олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ.
1959 – Зодрӯзи Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири Тоҷикистон.
Усмоналӣ Усмонзода 13-уми сентябри соли 1959 таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии Маскавро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз намуда, то вазифаи ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра ва муовини декани факултаи энергетика кор кардааст.
Аз соли 2009 то 2013 ӯ ба ҳайси директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” кор кардааст.
Солҳои 2013-2020 дар вазири энергетика ва захираҳои об буд.
Аз 3-юми ноябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон кор мекунад.
1981 – Мавлуди Ҳамрохон Дӯстов, филолог, номзади илми филология.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОН
Ҳамасола дар Тоҷикистон 13-уми сентябр ҳамчун Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни касбии кормандони соҳаи хоҷагии об мебошад.
Дар ҳамин рӯзи соли 1999 дар кӯчаи Кашираи Маскав аз сӯйи террористон бинои истиқоматӣ тарконида шуд. Таркиш соати 5-и субҳ рух дода, бинои ҳаштошёна комилан хароб гардид.
Дар натиҷаи ин амали террористӣ 124 сокинони бино, аз ҷумла 13 кӯдак, ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, аз ин таркиш 119 оила зарар диданд.
Чор рӯз пеш аз ин, террористон як бинои истиқоматиро дар кӯчаи Гурёнови Москва ва се рӯз баъд як бинои дигарро дар Волгодонск таркониданд.
Соли 1902 дар Британияи Кабир бори аввал изи ангуштон ҳамчун далели гуноҳи ҷинояткор истифода шуд.
Он замон кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар Англия бо усулҳои дактилоскопӣ шахсияти Гарри Ҷексон ном шахсеро, ки дар дуздӣ даст дошта, изи ангуштони худро дар тирезаи наврангкардашуда гузошта буд, муайян карданд.
Дактилоскоп — усули муайян кардани шахсият аз рӯйи изи ангуштон мебошад, ки ба такрорнашаванда будани нақши пӯст асос ёфтааст.
Асоси усули дактилоскопӣ идеяи Уилям Ҳершел, пулиси англис дар Ҳиндустон буд, ки фарзияи тағйирнопазирии нақши ангуштони кафи дасти инсонро пешниҳод кардааст. Ин фарзия дар натиҷаи таҳқиқоти тӯлонии муаллиф ба миён омадааст. Зиёда аз як аср мешавад, ки ин усул дар кори таҳқиқ ва таштиш васеъ истифода мешавад.
Ҳар сол шанбеи дуюми моҳи сентябр Рӯзи байналмилалии кӯмаки аввалия таҷлил мегардад, ки имсол ин рӯз ба 13-уми сентябр рост меояд. Ин ташаббуси байналмилалӣ барои таъкиди аҳамияти донистани кӯмаки аввалия ва таълими он ба одамони бештар аст.
Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки дар ҳолатҳои фавқулода, то расидани ёрии тиббии касбӣ, ҳаёт ва саломатии шахси ҷабрдида метавонад аз ёрии аввалияи атрофиён вобаста бошад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 28+33º гарм
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 15+20º гарм
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 35+37º гарм
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 36+38º гарм
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


