Баъзе саҳнаҳо бо Қурбони Собир дубора сабт шуд. Банаворгирии филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Date:

Наворбардории филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва ин ҳафта тими коргардону ҳунармандон барои идомаи сабт ба Ӯзбекистон мераванд. Дар ин бора Файзулло Файзов, коргардони ин филм аз Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, наворбардории филм аз 1-уми август оғоз шуда, рӯзи 11-уми сентябр ба анҷом расид.

“Дар умум мо 41 рӯз дар дохили “Тоҷикфилм”, дар қалъаи Ҳисор ва  Хуҷанд филмро сабт кардем. Банаворгирии филм дар Тоҷикистон ба анҷом расид ва ҳунармандони Ӯзбекистон ба кишварашон рафтанд”, – гуфт коргардони тоҷик.

Файзулло Файзов афзуд, “интизори даъвати Ӯзбекистон ҳастем, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 18-уми сентябр мо ҳам бо ҳамроҳии ҳунармандон ба ин кишвар сафар мекунем”.

Сабти филм дар Ӯзбекистон, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, 50 рӯз давом мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз ҷараёни сабт

 

Филм сабти дубора шуд

Бояд гуфт, ки дар оғози филмбардорӣ нақши асосии Ҷомӣ ба Маҳмадсаид Шоҳиён, директори кунунии “Тоҷикфилм” дода шуда буд, вале баъди интиқоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нақш ба Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон вогузор шуд.

Қурбон Собир аз охири моҳи август дар нақши Ҷомӣ дар филми мазкур ворид шуд ва банаворгирии нақшро аз Қалъаи Хуҷанд оғоз кард. То ин дам Маҳмадсаид Шоҳиён нақши Ҷомиро офарида буд.

Файзулло Файзов дар бораи аз нав ба навор бардоштани он порчаҳои филм, ки Маҳмадсаид Шоҳиён бозида буд, чизе нагуфт. Аммо манбаъи дигари мо гуфт, ки он саҳнаҳое, ки Шоҳиён офарид, бо ҳунарнамоии Қурбон Собир аз нав сабт шуд.

“Сабти дубораи филм бо Қурбон Собир 4 рӯз идома кард. Он саҳнаҳо асосан дар майдони махсуси сабти “Тоҷикфилм” ва чанд саҳнаи кӯтоҳ дар Қалъаи Ҳисор аз нав ба навор гирифта шуд”, – гуфт манбаъи “Азия-Плюс”.

Нақши дигари асосӣ – Алишер Навоиро дар ин филм Илҳом Бердиев, ҳунарманди Ӯзбекистон иҷро мекунад.

 

Аз таърихчаи филми муштарак

Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд. Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, будҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 12 млн доллари амрикоӣ аст.

Файзулло Файзов, коргардони тоҷикистонии филми мазкур, пештар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки бояд филм пурра ба забони тоҷикӣ бардошта мешуд, аммо бинобар ин ки ҳунармандони Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд, бо забони ӯзбекӣ нақш иҷро мекунанд ва баъдан он ба тоҷикӣ садогузорӣ шуда, филм пурра ба тоҷикӣ пешниҳоди бинандаи тоҷик мегардад.

Дилмурод Масаидов, коргардони ӯзбекистонии филм мегӯяд, сабти филм 70% дар Ӯзбекистон ва 30% дар Тоҷикистон мегузарад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба қавли коргардон, 60 дарсади ҳунармандоне, ки дар “Ҷомӣ ва Навоӣ” нақш меофаранд, аз Ӯзбекистон ва 40 дарсад аз Тоҷикистон будаанд.

Дар назар аст, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон гардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...