“Регар-ТадАЗ” бори ҳаштум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими ”Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 14-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 13,8 ҳазор кас сурат гирифт. Бозии финалӣ аз оғози вохӯрӣ бо бартарии меҳмонон – “Регар-ТадАЗ” ҷараён гирифта, то охир онҳо бозиро зери […]

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими ”Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 14-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 13,8 ҳазор кас сурат гирифт.

Бозии финалӣ аз оғози вохӯрӣ бо бартарии меҳмонон – “Регар-ТадАЗ” ҷараён гирифта, то охир онҳо бозиро зери назорат доштанд. “Эсхата”, ки бори аввал ба даври финалӣ барои дарёфти Ҷом роҳ ёфт, ба фишори дастаи таҷрибадор тоб оварда натавонист.

Голҳои дастаи шаҳри Турсунзодаро Шервони Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шӯҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов заданд. 

Ин бори 8-ум аст, ки “Регар-ТадАЗ”  Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад. Ӯ соли гузашта ҳам ҷомро соҳиб шуда буд. “Эсхата” аввалин бор ба бозии ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта буд. Мувофиқи қоидаҳои Конфедераттсияи футболи Осиё (КФО), дорандаи ҷоми кишвар барои иштирок дар Лигаи даъвати Конфедератсия ҳақ пайдо мекунад.

Алишер Тӯхтаев, сармураббии даста гуфтааст, ки ғалаба бояд як таконе барои ҳунарнамоии муваффақона дар арсаи байнулмилалӣ шавад: “Барои мо муҳим аст, ки ин ғалаба ба футболбозон дар бозиҳои Ҷоми даъвати КФО далериву ҷасорат бахшад. Бозингарон бояд дарк кунанд, ки ба мубориза на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз ҳудуди он қодиранд”.

Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштироккунандаи бозии ниҳоӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.