Сӯхтор дар бинои нотамоми Театри миллии Тоҷикистон. Мақомот ҳодисаро шарҳ доданд

Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар задааст. Мақомот мегӯянд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад. Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 10:20 сар зада, кормандони оташнишонӣ онро […]

Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар задааст. Мақомот мегӯянд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 10:20 сар зада, кормандони оташнишонӣ онро дар муддати 1 соату 20 дақиқа хомӯш кардаанд.

“Фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуд. Сӯхтор соати 10:40 иҳота карда шуда, соати 12:01 пурра хомӯш карда шуд. Сабаб, гунаҳгор ва зарари сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян карда мешавад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Навори сӯхтори театр нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор дида мешавад, ки аз бинои Театри миллӣ, ки сохтмони он идома дорад дуди ғализ боло мебарояд.

Тибқи иттилои расмӣ бинои Театри миллии Тоҷикистон 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминиро дарбар гирифта, баландии бино 34,5 метр хоҳад буд. Ҳоло дар сохтмони он 500 коргар фаъолият мекунанд.

Моҳи апрел ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони бинои Театри миллӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод 30 миллион сомонӣ пешбинӣ кард.

Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллии Тоҷикистон соли 2015 гузошта шуда, интизор меравад,  соли 2026-ум дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлол давлатӣ ба истифода дода шавад.

Дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз гардид.

Бояд гуфт, ахиран дар шаҳри Душанбе дар биноҳои навсохтмон ҳодисаҳои сӯхтор зиёд сабт мешавад. Чанде қабл дар Варзишгоҳи нави Душанбе, ки сохтмони он идома дорад, оташгирӣ сар зад. Мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор дар минтақаи ҷамъоварии қуттиҳои холии чӯбин, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоте, ки истифода шудаанд, рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.