Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ

Ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ, мисли бинои Театри миллӣ, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, бинои чанд вазоратхона аз ҳисоби як фонди давлатӣ ва маблағҳои барзиёди буҷети давлатӣ 201 млн сомонӣ равона мекунад. Дар ин бора қарорҳои ҳукумати кишвар тасдиқ гардида, дар пойгоҳи иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати молияи кишвар нашр шудааст. Тибқи он, “Дирексияи […]

Asia-Plus

Ҳукумати кишвар барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ, мисли бинои Театри миллӣ, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, бинои чанд вазоратхона аз ҳисоби як фонди давлатӣ ва маблағҳои барзиёди буҷети давлатӣ 201 млн сомонӣ равона мекунад.

Дар ин бора қарорҳои ҳукумати кишвар тасдиқ гардида, дар пойгоҳи иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати молияи кишвар нашр шудааст.

Тибқи он, “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и дастгоҳи иҷроияи президент аз ҳисоби иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2025-ум 93 миллион сомонӣ мегирад, ки барои сохтмони чунин иншоот бояд равона шавад:

– 30 миллион сомонӣ барои сохтмони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара;

– 17 миллион сомонӣ барои сохтмони бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон;

– 15 миллион сомонӣ барои сохтмони меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара;

– 15 миллион сомонӣ барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон;

– 14 миллион сомонӣ барои сохтмони бинои нави Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

– 2 миллион сомонӣ барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ҳамчунин, дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод иловатан 108 млн сомонӣ мегирад, ки барои идомаи сохтмони чунин иншоот бояд равона шавад:

– 45 миллион сомонӣ барои азнавсозии маҷмӯи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла толори маҷлисгоҳи универсалӣ;

– 30 миллион сомонӣ барои сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

– 20 миллион сомонӣ – сохтмони Театри миллӣ дар ноҳияи Данғара;

– 13 миллион сомонӣ – сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Маблағҳо ба Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таркиб меёбад. Дар буҷети давлатӣ барои соли 2025 пешбинӣ шудааст, ки 25% аз чунин маблағҳо ба фонд равона карда шавад.

Бояд гуфт, ки ин маблағҳо барои сохтмони иншооти ҳукуматӣ иловатан ҷудо мешаванд. Ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти ҳукуматӣ ҳазорҳо сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Бояд гуфт, барои соли 2025 ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 49,6 миллиард сомонӣ (беш аз $4,5 млрд) пешбинӣ гардидааст. Ин маблағ дар қиёс ба буҷаи соли гузашта 6,6 млрд сомонӣ ё 15,4% зиёд мебошад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.