Эмомалӣ Раҳмон дар Давҳа бо президенти Эрон ва амири Қатар гуфтушунид кард

Asia-Plus

Рӯзи 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Давҳа бо Масъуди Пизишкиён, президенти Эрон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дидору гуфтушӯнид кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Масъуди Пизишкиён масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номидааст.

"Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд. Аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд", – менависад манбаъ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, сарони кишварҳо рушди муваффақонаи муносибатҳо байни Тоҷикистону Қатарро зикр карда, натиҷаҳои бобарори сафарҳои расмӣ ва кории сатҳи олии дуҷониба дар соли гузашта ва мулоқоту тавофуқоти ҳосилшударо таъкид карданд.

Густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судовар номида шуда, ба рушди пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Атрофи равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲИ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, инчунин доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст табодули афкор сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, бо як боздиди расмӣ ба Қатар рафт ва дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ ширкату суханронӣ кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...