“Таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзӣ”. Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард

Ҳамлаи Исроил ба Давлати Қатар “таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар” аст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 15-уми сентябр дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар зимни ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иброз дошт. Ҷаласаи изтирорӣ ва ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории […]

Ҳамлаи Исроил ба Давлати Қатар “таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари ба мо бародар” аст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 15-уми сентябр дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар зимни ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иброз дошт.

Ҷаласаи изтирорӣ ва ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баъди ҳамлаи Исроил ба мақари роҳбарони гурӯҳи “Ҳамос” дар Давҳа, бо даъвати Давлати Қатар баргузор мегардад. Дар он роҳбарон ва мақомҳои аршади кишварҳои арабӣ ва исломӣ иштирок хоҳанд дошт.

Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон аз Исроил ном нагирифт, вале гуфт, “бори дигар ин амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қотеона маҳкум мекунем”.

Пештар аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри изҳорот ҳамлаи Исроил ба Қатарро қотеъона маҳкум карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, атрофи ҳаводиси дар Ховари Миёна ҷараёндошта андешаронӣ карда, аз “вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза” ва то ҳанӯз бароварда нашудани “ормонҳои мардуми Фаластин” изҳори таассуф кард.

 

Ӯ гуфт, “ҳама гуна амалкардҳои хушунатомез дар минтақа имрӯз боиси афзоиши ташаннуҷ ва сар задани ихтилофоти нав мегарданд ва онҳо, бахусус, ба раванди музокироту муколама ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи пойдор дар минтақа монеа эҷод мекунанд”.

Дар робита ба ин ва дар шароити мураккабу печидаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон “таҳкими ҳамбастагии беш аз пеши уммати мусулмонро зарур шумурд”.

Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ба ҳайси мизбон ба ҳозирин аз ҳамлаи 9-уми сентябр ба Давҳа иттилоъ дода, зикр кард, ки дар пайи он 6 нафар, аз ҷумла як низомии кишвараш кушта шуд ва 19 нафар ҷароҳат бардошт.

 

Ӯ Исроилро муттаҳам кард, ки ҳадафи аслиаш ба хок яксон кардани Ғазза аст, на озод кардани шаҳрвандонаш аз асорати “Ҳамос”.

“Озодии сарбозон ва ғайринизомиён аз авлавиятҳои онҳо нест. Музокирот барои онҳо танҳо як роҳи идомаи ҷанг бо дигар василаҳо, як тактикаи сиёсии ҳамроҳ бо амалиёти низомӣ ва кӯшиши гумроҳ кардани афкори ҷомеаи Исроил аст”, – зикр кард амири Қатар, менависад телевизиони “Ал-Ҷазира”.

Ӯ таъкид кард, ки  “Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, талош дорад, ҷаҳони арабро ба минтақаи нуфузи худ табдил диҳад” ва “ба ҳар кишвари минтақа ҳар вақт, ки хоҳад, ҳамла кунад”.

Амири Қатар ҳамчунин гуфт, ки кишвар барои ҳифзи соҳибихтиёрии худ ҳама кори заруриро анҷом медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамлаи Исроил ба Қатарро ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа маҳкум карданд ва аксари роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба ваҳдат миёни ҳамдигар таъкид намуданд.

Аз ҷумла, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон “таҷовузи густохонаи Исроил”-ро  “фаротар аз як ҷиноят ва терроризм” номид.

 

Ӯ гуфт, ин “ҳамлаи аз пеш тарҳрезишуда бо ҳадафи аз байн бурдани талошҳои дипломатӣ  барои  поён додан ба наслкушӣ дар Ғазза анҷом шуд”.

Пизишкиён таъкид кард, ки ҳамлаи Исроил ба Давҳа “бештар аз як ҷиноят аст” ва ин “эълони он аст, ки акнун қудрати низомӣ, на қонун таъинкунанда аст”.

Ӯ амалкарди Исроилро “тарҳрезишуда ва поксозии қавмӣ” дар минтақа номид ва таъкид кард, ки “ҳамла ба Давҳа нишон дод, ки ҳеҷ кишвари арабӣ ё мусулмонӣ аз таҷовузи Исроил дар амон нест” ва аз ҳозирин хост “бояд бо ҳам муттаҳид шавем”.

Кишварҳои иштиркдори ҷаласа тавофуқ кардаанд, ки низоми дифоъи муштарак ва барномаи амалкарди дастаҷамъиро таҳия ва аз ҳама иқдомоти Қатар барои вокуниш ба ҳамлаи Исроил пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.