Эмомалӣ Раҳмон дар Давҳа бо президенти Эрон ва амири Қатар гуфтушунид кард

Рӯзи 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Давҳа бо Масъуди Пизишкиён, президенти Эрон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дидору гуфтушӯнид кард. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Масъуди Пизишкиён масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ […]

Рӯзи 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Давҳа бо Масъуди Пизишкиён, президенти Эрон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дидору гуфтушӯнид кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Масъуди Пизишкиён масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номидааст.

"Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд. Аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд", – менависад манбаъ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, сарони кишварҳо рушди муваффақонаи муносибатҳо байни Тоҷикистону Қатарро зикр карда, натиҷаҳои бобарори сафарҳои расмӣ ва кории сатҳи олии дуҷониба дар соли гузашта ва мулоқоту тавофуқоти ҳосилшударо таъкид карданд.

Густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судовар номида шуда, ба рушди пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Атрофи равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲИ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, инчунин доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст табодули афкор сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, бо як боздиди расмӣ ба Қатар рафт ва дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ ширкату суханронӣ кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.