Филмҳои “Довфилм” дар телефони ҳамроҳ. Ин коргоҳи филмбардорӣ бо “Оила ТВ” шартномаи ҳамкорӣ баст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми сентябр ба мақсади бунёди фазои синамоӣ ва рушди синамои миллӣ киностудияи “Довфилм” бо ширкати “Оила ТВ”  шартномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расонид. Минбаъд аксари филмҳои “Довфилм” дар замимаи “Оила ТВ” ҷой ва намоиш дода мешавад.

Муҳиддини Музаффар, директори “Довфилм” гуфт, замимаҳои онлайнӣ дар баробари рушди интернет абар кинотеатрҳо дастболо шуд ва ин барои рушди соҳаи кино замина ҳам шуд.

“Албатта, ин рушди бозори кинотеатрҳоро халалдор кард, вале барои дастрас шудани филмҳо, ин замимаҳо хизмати бисёр бузург карданд. Имрӯз дар дунё замимаҳои зиёда пайдо шуд, ки сабабгори тамоман ба дигар сатҳ ва сифат баромадани силсилафилмҳо шуд”, – гуфт ӯ.

Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз, баъди имзои шартнома баргузор шуд, Муҳиддини Музаффар гуфт, "мушкилоти мо на сохтани филм, балки фурухтани он буд".

“Таҷрибаи талхи 15 солаи мо бо сохтани филмҳоямон ҳамин буд, ки  мо ҳеҷ гоҳ замимаи ягона надоштем, ҳамеша дасткутоҳ будем. Ман 15 сол аст, ки интизори чунин як шабака, як платформа будам, ки филмҳои миллӣ дар он ҷо ҷо шавад ва аз  ҷониби тамошобинон пардохт шавад”, – гуфт ӯ.

Фахриддин Файзиев, директори ширкати “Оила ТВ” гуфт, ҳамкории “Довфилм” ва ширкати “Оила ТВ” натанҳо дар замимаи онлайнии худ намоиш додани филмҳои “Довфилм”-ро дар бар мегирад, балки дар самти истеҳсоли филмҳои нави ҳунарӣ, аз ҷумла силсилафилмҳо сармоягузорӣ кардан аст.

Ба гуфтаи вай, “чунин ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки бозори филмсозиву муҳити синамоӣ гарм шуда, дар саҳифаҳои шабакаи интернет филмҳои сифатан нави ҳирфавии миллӣ намоиш дода шавад”.

“Дар навбати худ мардум аз фарҳанги истифодаи замимаҳои онлайнӣ бархурдор гардида, тавассути обунаи пулакӣ ҳақи маҳсулоти аудиовизуалиро пардохт намоянд”,- гуфт ӯ.

Ба иттилои номбурд, истифодаи як рӯз аз ин замима 1 сомонию 30 дирам ва дар як моҳ ҳамагӣ 25 сомонӣ мебошад.

“Оила ТВ” соли 2018 таъсис ёфта, як замимаи мобилие аст, ки бо инетрнет пайваст аст ва тавассути он метавон филму силсилафилмҳоро тамошо кард.

Киностудияи “Довфилм” соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, то имрӯз филмҳои ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”, “Блогер”, “Ҷосус”-ро таҳия намудааст.

Филми шуҳратёри “Дов” ки дар 33 кинофестивал иштирок намуда, соҳиби 25 ҷоиза гардид, созандагони филмро илҳом бахшид, ки ба ҳамин ном киностудияи “Довфилм”-ро таъсис диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...