Аз 200 то 7760 доллар дар як моҳ. Муқоисаи нархи иҷораи хона дар Душанбе ва дигар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ

Нархи иҷораи хона дар Душанбе дар муқоиса бо соли гузашта ба таври назаррас боло рафтааст. Миёнаравҳои хариду иҷораи манзил сабабҳои болоравии нархро ба афзудани шумори биноҳои истиқоматии тахрибшуда ё дар нақша қарордошта ва оғози соли нави хониш рабт медиҳанд. “Азия-Плюс” нархи иҷораи хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ дар Душанбе, Тошканд, Бишкек, Остона ва Ишқободро бо […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Нархи иҷораи хона дар Душанбе дар муқоиса бо соли гузашта ба таври назаррас боло рафтааст. Миёнаравҳои хариду иҷораи манзил сабабҳои болоравии нархро ба афзудани шумори биноҳои истиқоматии тахрибшуда ё дар нақша қарордошта ва оғози соли нави хониш рабт медиҳанд.

“Азия-Плюс” нархи иҷораи хонаи 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ дар Душанбе, Тошканд, Бишкек, Остона ва Ишқободро бо нархи баланд, миёна ва паст муайян кард.

Барои ин, мо 50 эълони хонаҳои 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ дар ин шаҳрҳоро, ки дар сомонаҳои пахши эълонҳо дар моҳҳои август ва сентябр нашр гардидаанд, таҳлил кардем.

Дар шаҳри Душанбе нархи иҷораи хонаи 1-ҳуҷрагӣ вобаста аз масоҳат ва шароити зарурӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна аз 300 то 700 доллар мебошад. Инчунин қимати хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 3-ҳуҷрагӣ ба ҳисоби миёна аз 500 то 2200 доллар мебошад.

Дар байни пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод нархи иҷораи хона нисбатан арзонтар аст. Дар ин шаҳр бо ҳисоби миёна бо 250 доллар хонаи 1-ҳуҷрагӣ бо масоҳати 40 метри мураббаъ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти заруриро ба иҷора гирифтан мумкин аст. Ҳамчунин, дар ин шаҳр ба ҳисоби миёна иҷораи хонаи 2-ҳуҷрагӣ 320 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 410 доллар мебошад.

Нархи баландтарин дар Остона ва Тошканд мебошад, ки ба ҳисоби миёна барои иҷораи манзили 1-ҳуҷрагӣ аз 470 то 920 доллар, 2-ҳуҷрагӣ аз 1100 то 1400 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 1570 то 1960 доллар лозим аст.

Дар Бишкек низ нархи иҷораи хона тақрибан ба нархгузории шаҳри Тошканд монанд аст. Дар ин шаҳр ба ҳисоби миёна арзиши иҷораи хонаи 1-ҳуҷрагӣ 480 доллар, 2-ҳуҷрагӣ 730 доллар ва 3-ҳуҷрагӣ 1130 доллар вобаста аз масоҳат ва шароити зист муайян шудааст.

 

Бояд гуфт, ки натиҷаи арзишҳои муайянкардаи мо бо таварруми доллару қурби пули миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бароварда шудааст.

Таҳлили вазъ нишон дод, ки сабаби баланд шудани нархи иҷора дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама талаботи аҳолӣ ва меҳмонон ба хона ва оғози соли таҳсил аст, ки донишҷӯён аз минтақаҳо бармегарданд ва мехоҳанд, ки барои зист хона ба иҷора гиранд.

Соли гузашта нархи иҷораи хона дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд дар ин пайванд бубинед.

Бояд гуфт, ки дар пойтахти Тоҷикистон болоравии нархи иҷораи хона пас аз омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия дар соли 2022 шуруъ гардид. То ин вақт нархи иҷораи хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар Душанбе ҳудуди 1500 то 5000 буд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки афзудани шумори хонаҳои тахрибшуда дар пойтахт дар ду соли охир ба баланд шудани нархи иҷораи хона таъсир расонидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.