Дар “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ-2025” дар Душанбе чӣ ба тамошо гузошта шуд?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми сентябр дар Маркази байналмилалии "Dushanbe Expo" Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ-2025 (DITE-2025) ба кор оғоз намуд, ки 3 рӯз давом мекунад. Чорабинӣ дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузории байнулмилалӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ки чанде пеш доир гардид, баргузор мешавад.

Намоишгоҳ аз ҷониби ширкати “Сомон Трэвел” бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, инчунин шарикон дар масоили рушди бахши сайёҳӣ созмон дода шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раҳбарияти ҳукумати пойтахт, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, роҳбари Кумиссияи сайёҳии СММ барои Аврупо ва дигар шахсон суханронӣ намуданд.

Дар кори намоишгоҳ ҳудуди 200 ширкат аз 20 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Яман, Сурия ва Марокаш иштирок мекунанд.

Дар байни иштирокдорон ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, солимгардонӣ ва муассисаҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ва истеҳсолкунандагон молу маҳсулоти армуғону туҳфа ҳузур доранд.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, намоишгоҳ, як платформаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ, пешбурди тамға (бренд)-и миллӣ ва боло бурдани нуфузи кишвар ба сифати самти ояндадори сайёҳӣ мебошад.

Дар чаҳорчӯби кори намоишгоҳ маросимҳои рӯнамоии хатсайрҳои сайёҳӣ, гуфтушуидҳои ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ ва хориҷӣ, табодули таҷриба сурат мегирад, ки ба афзоиши сатҳи шинохти ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳ ёфтани онҳо ба бозорҳои нав мусоидат менамояд.

"Барои ширкатҳои маҳаллӣ DITE 2025 як имкони мусоидест барои таҳкими мавқеъ дар бозори сайёҳӣ, ҷалби меҳмонони хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ. Оянда ин ба афзоиши вуруди сайёҳон ва ташаккули нуфузи мусбати кишвар мусоидат мекунад", -гуфтанд дастандаркорони чорабинӣ.

Ёдрас мекунем, ки "Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ дар Душанбе" расо як сол пеш бо ташаббуси шаҳрдории пойтахт доир гардид. Дар чорабинии соли гузашта зиёда аз 100 ширкати маҳаллӣ ва сайёҳӣ ширкат карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...