Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Asia-Plus

Дар 8 соҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 19,5 ҳазор ҳодисаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.

Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, “ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 45,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст”.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора зиёд шудани гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ чист.

Ин дар ҳоелст, ки моҳи июли соли равон Ҷамолиддин Абудуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “дар шаш моҳ, дар умум дар ҷумҳурӣ нишондоди сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад”. 

Ӯ ба таври мисол зир карда буд, ки дар шаш моҳи имсол дар кишвар 1 ҳазору 927 ҳолати гирифторӣ ба бемории гепатити А сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 561 ҳолат кам шудааст. Соли 2024 дар ин давра 2488 ҳолати гирифторӣ ба гепатити А сабт шуда будааст.

"Инчунин 6 нафар ба бемории гепатити Б гирифтор шудааст, ки нисбат ба соли пеш 16 ҳолат кам аст", – гуфта буд вазир.

Бемориҳои сироятӣ – касалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразитӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо тавассути ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра ба организм дохил мешаванд. Ба ин намуди бемориҳои зуком, рӯдаву меъда, сил вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), гепатитҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...