“Азия-Плюс” рӯзноманигорон ва блогерони ҷавонро ба давраи омӯзишии ройгон даъват мекунад

“MediaLAB Asia+” дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, хабарнигорони навкор ва блогеронро ба давраи омӯзишии ҳаштҳафтаина даъват мекунад. Мактаби муҳтавоофарони ҷавон комилан ройгон аст. Ба таҳияи барномаи таълимӣ, ки пурра ба забони тоҷикӣ мегузарад, тренерони касбӣ ҷалб шудаанд. Дар муддати 8 ҳафта (рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30) иштирокдорон бо дастгирии […]

Asia-Plus

“MediaLAB Asia+” дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, хабарнигорони навкор ва блогеронро ба давраи омӯзишии ҳаштҳафтаина даъват мекунад. Мактаби муҳтавоофарони ҷавон комилан ройгон аст.

Ба таҳияи барномаи таълимӣ, ки пурра ба забони тоҷикӣ мегузарад, тренерони касбӣ ҷалб шудаанд. Дар муддати 8 ҳафта (рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30) иштирокдорон бо дастгирии устодон тамоми марҳилаҳои истеҳсолро аз пешниҳоди идея ва тарҳрезии матлабҳои гуногунқолаб то нашр ва паҳни дурусти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ мекунанд. 

Дар ҷараёни курс ба мавзӯъҳои зер аҳамияти бештар дода мешавад:

– асосҳои далелсанҷӣ ва абзорҳои мубориза бо маълумоти ҷаълӣ;

– истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар истеҳсоли муҳтаво ва санҷиши иттилоот;

– асосҳои банаворигирӣ ва танзими он;

– стратегияи пешбурд ва нашри муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо назардошти алгоритмҳо.

Зиёда аз ин, дар интиҳои давраи омӯзишӣ бо дастгирии ментор, таҳия ва нашри матлабҳои иштирокдорон дар сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва “Youtube-канал-и “Азия-Плюс” дар назар аст, ки барои рӯзноманигорон ва блогерони навкор имкони беҳтарини санҷиши маҳорати худ мешавад.

Оғози давраи омӯзишӣ 6-уми октябр дар назар аст. Барои шомил шудан ба гурӯҳи ройгон пайванди онлайниро пур кунед: https://tally.so/r/3E9BeN  

Мактаби муҳтавоофарони ҷавон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва “Азия-Плюс” ташкил шудааст. Ҳадафи барнома рушди муҳтавои босифати тоҷикӣ, боло бурдани сатҳи саводнокии расонаӣ миёни ҷавонон, муқовимат бо маълумоти дурӯғ ва ташаккули насли нави рӯзноманигорон ва контентмейкерони масъул мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.