Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 8 соҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 19,5 ҳазор ҳодисаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, “ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди […]

Asia-Plus

Дар 8 соҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 19,5 ҳазор ҳодисаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.

Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, “ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 45,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст”.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора зиёд шудани гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ чист.

Ин дар ҳоелст, ки моҳи июли соли равон Ҷамолиддин Абудуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “дар шаш моҳ, дар умум дар ҷумҳурӣ нишондоди сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад”. 

Ӯ ба таври мисол зир карда буд, ки дар шаш моҳи имсол дар кишвар 1 ҳазору 927 ҳолати гирифторӣ ба бемории гепатити А сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 561 ҳолат кам шудааст. Соли 2024 дар ин давра 2488 ҳолати гирифторӣ ба гепатити А сабт шуда будааст.

"Инчунин 6 нафар ба бемории гепатити Б гирифтор шудааст, ки нисбат ба соли пеш 16 ҳолат кам аст", – гуфта буд вазир.

Бемориҳои сироятӣ – касалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразитӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо тавассути ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра ба организм дохил мешаванд. Ба ин намуди бемориҳои зуком, рӯдаву меъда, сил вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), гепатитҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.