Аз 1-уми сентябри соли равон муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав уҳдадор шуданд, худро дар барномаи махсуси мобилии "Амина" сабти ном кунанд. Аммо бо гузашти қариб як моҳ муҳоҷирон аз мушкил дар кори ин замима ва дастрас набудани он барои истифода шикоят доранд.
Ин замимаро мақомоти Русия барои назорати комили будубоши муҳоҷирон таҳияву ҷорӣ кардаанд ва сарфи назар кардани он метавонад барои муҳоҷирон мушкилофар бошад.
Муҳаммад, як муҳоҷири меҳнатии тоҷик, мегӯяд, ҳоло замимаи мобилии “Амина”-ро метавон танҳо дар телефонҳои системаи оператсиониашон Android боргирӣ кард. Ӯ дар телефони худ, ки системааш iOS (аз ширкати Apple) аст, имкони боргирии ин барномаро надорад ва дар ташвиш аст, ки мақомоти Русия дилхоҳ вақт метавонанд телефони ӯро санҷанд ва барои муҷозот кунанд.
“Имрӯз бисёриҳо бо ин мушкил рӯбарӯянд. Аз нақли дӯстонам, онҳое, ки ба наздикӣ муҳлати қайдашонро дароз карданд ва ё ҳуҷҷати дигаре гирифтанд, маҷбур шуданд телефони дигар харанд ва замимаи “Амина”-ро насб кунанд” – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Муҳаммад, онҳое, ки барномаро насб кардаанд, низ беташвиш нестанд, чун “Амина” дар кораш мушкилиҳо дорад.
“Қисме аз шиносҳо аз он истифода мебаранд, қисми дигар мисли ман то ҳол насб карда натавонистаанд. Барнома дуруст кор намекунад, муҳоҷирон бо мушкилӣ сабтином мешаванд. Баъзан макони шахсро ҳам хато нишон медиҳад. Хуллас, сари калобааш гум аст”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ӯ, насби “Амина” ва ишораи макони будубош дар он ҳамоно кафолати осудагӣ нест, чун ҳангоми санҷиш пулиси Русия ҳоло ҳам сабтиноми “қоғазӣ”-ро талаб мекунанд. Чунин ба назар менамояд, ки худи пулис то ҳол пурра барномаро намефаҳмад.
“Чанд рӯз пеш дар кӯча пулис ҳуҷҷатҳоямонро талаб кард. Яке аз дӯстон дар “Амина” сабтином шуда будааст, аммо қайди электронии ӯро қабул накарданд. Маҷбур шуд, нусхаи асли ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад”,- нақл кард Муҳаммад.
Муҳаммад мегӯяд, пас аз чанд рӯз муҳлати сабтиномаш ба итмом мерасад ва бояд аз нав сабтином кунад, аммо наметавонад барномаро боргирӣ кунад.
“Маҷбурам телефони нав харам ва он ҷо барномаро боргирӣ кунам. Боз як харҷи дигар”, – бо ташвиш мегӯяд ӯ.
Бо ин мушкил имрӯз аксари муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия рӯбарӯ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли мақомот, риоя накардани шартҳои мониторинг метавонад барои ворид намудани маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷӣ ба Рӯйхати шахсони таҳти назорат ё "рӯйхати сиёҳ" асос шавад.
Мақомоти Русия то ҳол нуқси барномаи “Амина”- ро шарҳ надоданд ва маълум нест он то кай бартараф мешавад.
Бояд гуфт, шикоятҳо оид ба кори ин замима қаблан низ зиёд буданд.
Бояд гуфт, тариқи барномаи “Амина” мақомоти Русия ба иттилоъ дар бораи макони зист, ҷойи кор ва дар умум, будубоши муҳоҷирон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд. Бархе коршиносон мегӯянд, ин роҳи нави таъқиб ва фишор ба муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
Ҳоло барнома дар реҷаи санҷишӣ фаъол буда, насби он танҳо барои муҳоҷирони корие, ки тариқи тартиби бидуни раводид ба шаҳр ва вилояти Маскав меоянд, ҳатмӣ аст. Барои дигар муҳоҷирон, ки ба муҳлати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, ин талабот танҳо як сол пас, аз 1-уми сентябри соли 2026 барои ҳамаи муҳҷоирон, мавриди амал қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин мақомоти Русия барномаи мобилии RuID-ро муаррифӣ карда буданд. Он низ барои муҳоҷирон таҳия шуда буд ва ҳадафи он “кӯмак ба муҳоҷирон” гуфта мешуд. Муҳоҷир пеш аз вуруд ба Русия бояд тавассути ин барнома дархости вуруд мегузошт ва маълумоти дигарро ворид мекард. Аммо дар асл, ин мушкили муҳоҷиронро боз ҳам бештар кард. Дар кори он ҳам мушкил пеш омад ва мақомоти Русия маҷбур шуданд истифодаи онро ихтиёрӣ кунанд.


