Барои як кас 4800 ва барои як оила беш аз 17 ҳазор сомонӣ. Барои зиндагии хуб дар Душанбе чӣ қадар маблағ зарур аст?

Asia-Plus

Барои зиндагии хуби як кас дар шаҳри Душанбе дар як моҳ бе хароҷоти иҷора 4 ҳазору 850 сомонӣ (518 доллар) ва як оилаи чорнафара бошад беш аз 17 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 800 доллар) лозим аст. Ин рақамро  “Numbeo” – шохиси ҷаҳонӣ, ки арзиши зиндагӣ дар рӯйи оламро ҳисоб мекунад, муайян кардааст.

Дар пажуҳиш, ки рӯзи 22-юми сентябр нашр шуда моҳи равонро дар бар мегирад, зикр мешавад, маблағ барои як кас, роҳпулӣ, хӯрокхӯрӣ, либос, обу барқу интернет ва дигар эҳтиёҷот, ба истиснои иҷораи манзилро дар бар мегирад.

Иҷораи манзил дар Душанбе вобаста ба макон ва андоза фарқ мекунад. Ба ҳисоби “Numbeo”, иҷораи хонаи 1 ҳуҷрадор дар маркази шаҳр ба ҳисоби миёна 4 ҳазору 80 сомонӣ ва дуртар аз марказ 2 ҳазору 360 сомониро ташкил медиҳад. Барои хонаи 3 ҳуҷрадор ин нархҳо мутаносибан 7 ҳазору 50 сомонӣ дар маркази шаҳр ва 4 ҳазору 250 сомонӣ дуртар аз марказ мебошанд.

Барои онҳое, ки нияти харидани хонаро доранд, нархи як метри мураббаъ дар маркази шаҳр 9 ҳазору 500 сомонӣ ва дуртар аз он 6 ҳазору 112 сомонӣ будааст.

Нархи хидматрасониҳои коммуналиро дар пойтахт пойгоҳ чунин ҳисоб кардааст:

– пардохти асосӣ (барқ, гармӣ, об ва партов) барои як хонаи 85м² ба ҳисоби миёна 518 сомонӣ;

– хароҷот барои телефони мобилӣ (бо зангҳо ва 10GB+ интернет) аз 135 то 185 сомонӣ.

Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ низ муайян шудааст:

– як литр шир 9,89 сомонӣ;

–  нон 5,5 сомонӣ;

– 1 кг биринҷ қариб 20 сомонӣ;

– 12 дона тухм 16,65 сомонӣ;

– 1 кг панир 110 сомонӣ;

– нархи 1 кг гӯшти лаҳми мурғ 43 сомонӣ;

– 1 кг гӯшти гов 102 сомонӣ.

Нархи меваю сабзавот низ чунин ҳисоб шудааст:

– 1 кг себ 16 сомонӣ;

– 1 кг помидор 11 сомонӣ;

– 1 кг картошка 6 сомонӣ.

Дар бахши нақлиёт, дар маршрут 2,50 сомонӣ аст, ки ба ҳисоби миёна дар 1 моҳ 100 сомонӣ ҳисоб шудааст. Нархи таксӣ аз 10 сомонӣ оғоз шуда, минбаъд ҳар 1 км 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Як литр бензин 10,28 сомонӣ нарх дорад.

Ин пойгоҳ гуфтааст, ки маблағи як нафар барои корҳои зер сарф мешавад.

– бозорӣ, ки 37.2%-и ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳад;

– иҷора барои як моҳ, ки 20.5% и ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳад;

– хӯрдани хӯрок дар тарабхонаҳо 15.4% и ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳад;

– барои нақлиёт, ки 9.7% и ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳад;

– варзиш 6.8%-и ҳамаи хароҷотро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар байни 127 кишвар дар зинаи 108-ум қарор дорад ва нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна кишвари аз ҳама арзонтарин ҳисоб шудааст:

– Қазоқистон ҷои 82-юм;

– Ӯзбекистон ҷои 85-ум;

– Қирғизистон ҷои 95-ум;

– Тоҷикистон ҷои 108-ум.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати 1-уми июни соли 2025 музди миёнаи маош дар Тоҷикистон 2665,9 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам дар шаҳри Душанбе 3510,8 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи сентябр маошу нафақа ва идрорпулӣ дар Тоҷикистон 20% зиёд шуд. Дар баробари зиёд шудани маош, сокинони кишвар аз гарон шудани нархи маҳсулот ва иҷора шикоят доранд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...