Вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонун истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи ноболиғон ҷиддан назорат ва барои ноболиғони то 14-сола пурра манъ карда шавад. Коршиносон мегӯянд, манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал нест, беҳтар аст, онро танзим ва назорат кард.
Пешниҳоди вакил
Дилноза Аҳмадзода, вакили парлумони Тоҷикистон бо нашри мақолае дар ҳафтаномаи “Народная газета” пешниҳод кардааст, ки барои кӯдакони то 14-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пурра манъ карда шавад.
Ин вакили парлумон гуфтааст, ки соли равон ҳукумати кишвар ба қонун дар бораи “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” вобаста ба иттилооти бардурӯғ ва зараррасон баъзе иловаҳо ворид намуд, аммо сарфи назар аз ин, ҳоло зарур аст, ки “ба қонун тағйироти дигаре ворид карда шавад ва истифодаи шабакаи иҷтимоӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон ба назорат гирифта шавад”.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки барои ноболиғони то синни 14 истифодаи шабакаҳо пурра манъ карда шавад ва барои наврасони 14 – 17-сола танҳо бо иҷозати хаттии волидон иҷозаи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дода шавад.
Аз ин пешниҳод қариб чор моҳ гузаштааст, аммо то ҳол маълум нест, ки барои ворид кардани тағйироти пешниҳодкардаи вакил иқдоме сурат гирифтааст ё не.
“Назорат беҳтар аз манъ кардан аст…”
Коршиносон манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи ноболиғонро роҳи ҳал намедонанд ва таъкид мекунанд, ки беҳтар аст, онро назорат кард.
Рустам Гулов, мутахассис оид ба саводи расонаӣ мегӯяд, барои пешгирӣ аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи кӯдакону наврасон қонун шарт нест, чун худи шабакаҳои иҷтимоӣ дар вақти бақайдгирӣ маҳдудиятҳои синну солӣ доранд, аммо кӯдакон бо истифода аз маълумотҳои бардурӯғ аз қайд мегузаранд ё аз телефонҳои волидон истифода мебаранд.
“Манъ кардан роҳи ҳал нест. Агар манъ кардед, таваҷҷуҳ ва ҳолатҳои пинҳонкорӣ бештар мешавад. Ноболиғону наврасон аз паёмрасонҳо (messenger) фаровон истифода мекунанд ва ба ҳар мӯҳтавое, ки дидан мехоҳанд, дастрасӣ пайдо мекунанд. Бар замми ин, манъи пурра насли навро аз рушди технологӣ ба қафо меандозад. Аз ин лиҳоз, роҳи самаровар назорат кардан аст”, – афзуд ӯ.
Гулов илова намуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ (масалан Мeta) барои ҳамкорӣ бо ҳукумати кишварҳо боз аст ва бо ташаббусу пешниҳоди ҳукумат метавонад дар полоиши мӯҳтаво кӯмак кунад. Аз рӯи рӯйхате, ки ҳукумати кишвар ба шабака пешниҳод менамояд, шабака танҳо ҳамон мӯҳтаворо дар саросари як кишвар нишон медиҳад. Мӯҳтавое, ки ба арзиш, фарҳанг ва маданияти ин кишвар муғойир аст, метавонад полоиш шавад.
“Беҳтар мебуд дар шабакаҳои иҷтимоие, ки кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ доранд, мӯҳтавои омӯзишиву фоиданокро бештар нашр мекарданд. Ва танҳо нашри чунин муҳтаворо иҷоза медоданд. Болои ин, фаъолияти кӯдакону наврасонро дар ин шабакаҳои назорат менамуданд”, – мегӯяд Гулов.
Роҳи дигаре, ки Рустам Гулов пешниҳод мекунад, дар барномаҳои мактабӣ дохил кардани омӯзиши “саводи расонаӣ” мебошад, зеро кӯдакон аз хурдсолӣ бояд истифодаи дурусти интернет, шабакаҳои иҷтимоиро омӯзанд ва иттилои бардурӯғ ва зарарасонро тафовут гузошта тавонанд.
Нуктаи дигаре, ки коршинос таъкид мекунад, муҳтавои кам бо забони тоҷикӣ аст.
“Вақте мӯҳтавои ҷолиб ва манфиатнок бо забони тоҷикӣ кам аст, таваҷҷуҳ ба дигар забонҳо, дар мисоли Тоҷикистон ба муҳтаво бо забони русӣ бештар мешавад. Аз ин лиҳоз, шабакаи иҷтимоиро ҳамчун василаи омӯзиши кӯдакон истифода бурда, мӯҳтавои босифат ба забони меъёри тоҷикӣ бештар карда шавад”, – зикр мекунад Гулов.
“Азия-Плюс” доир ба ин масъала назари сокинони пойтахтро низ гирифт, ки бархе аз онҳо тарафдори манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо қисме иддао доранд, ки манъ кардан имкон надорад, чун шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад як василаи омӯзиш ва рушди кӯдакону наврасон бошад.
Назари сокниноро дар навори зер тамошо кунед:
“Волидон бояд назорат кунанд”
Нигина Маҳмадҷонова, равоншиноси тоҷик ҳам мегӯяд, манъи пурраи шабакаҳои иҷтимоӣ ғайриимкон аст, вале маҳдудиятҳо бояд ҷорӣ карда шаванд.
“Ин масъала бештар бар ӯҳдаи волидон аст. Афсӯс, ки аксари онҳо ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд”, – мегӯяд Маҳмадҷонова.
Ин равоншинос аз он нигаронӣ мекунад, ки баъзе волидон барои “лаҳзае оромӣ” ба кӯдак телефон медиҳанд ва назорат намекунанд, ки фарзандашон чӣ гуна мӯҳтаво меҷӯяд, меёбад ё пайдо карда мехонаду мебинад.
“Дар ин ҳолат, кӯдак метавонад зери фишори равонӣ қарор дошта бошад, худро бо дигарон муқоиса кунад, ё қурбонии озори интернетӣ, шахсони ҷинояткор ва ё одамрабоӣ шавад”, – мегӯяд равоншинос.
Ба андешаи Маҳмадҷонова, кӯдакон ҳадди ақал то синни мактабӣ аз истифодаи телефон дур бошанд, чун паёмдҳои манфӣ дорад.
“Дар ин синну сол техника кӯдакро аз муошират бо ҳамсолонаш ва фаъолияти ҷисмонӣ дур мекунад. Дар натиҷа, кӯдакон дар тахайюли худ олами бофтаро сохта, аз воқеият дур мешаванд”, – илова намуд ӯ.
Ба андешаи ин равоншинос, беҳтар аст, волидон дар пайдо кардани муҳтавои фоиданок ва омӯзишӣ ба кӯдакон кумак кунанд, роҳи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро омӯзанд, саводи расонаии онҳоро бештар кунанд. Ин беҳтар аз ҳар гуна маздудкунӣ аст.
Таҷрибаи муваффақ ва талх
Бояд гуфт, таҷрибаи манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакону наврасон дар кишварҳои дигар мушоҳида мешавад, ҳарчанд на шамеша муваффақона аст.
Масалан, дар Австаралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Instagram, Facebook, YouTube, Snapchat ва TikTok барои ноболиғони то 16-сола мамнӯъ шуд. Барои истифодаи ғайриқонунӣ то $49,5 млн ҷарима муқаррар гардид.
Пештар аз ин, дар чанд кишвари дигар, аз ҷумла Фаронса низ чунин талоши манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон мушоҳида гардид.
Аммо дар Непал манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси эътирозҳои густурда ва дар ниҳоят сарнагунии ҳукумат гардид. Баъди эълони тасмими ҳукумат дар бораи қатъи дастарасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавонони ин кишвар ба кӯчаҳо рехтанд ва эътироз карданд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 19 нафар кушта ва 100 нафар захмӣ шуданд. Ва дар ниҳоят ҳукумате, ки тасмими манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро эълон кард, сарнагун шуд.


