Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 26 СЕНТЯБР

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии “Women in Tech Tajikistan” таҳти унвони “Роҳи касбӣ дар IT: тамоюлҳо ва имкониятҳо” баргузор мегардад. Он аз соати 09:30 то 13:35 дар Маркази исмоилия ҷараён гирифта, мутахассисони пешсаф аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷамъ меоянд.

Ин вохӯрӣ ба муҳокимаи равандҳои муосир дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва имкониятҳои рушди касбии занон бахшида мешавад.

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ имрӯз хотима меёбад. Он 23 сентябр оғоз гардида буд ва масъалаҳои асосии таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ миёни давлатҳои ИДМ баррасӣ шуданд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 СЕНТЯБР

Соли 1999 – Дар Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд.

Соли 2006 – Корхонаи “Тоҷиказот”, калонтарин корхонаи саноати кимиёии Тоикистон аз сабаби набудани газ муваққатан аз кор бозмонд.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон хатти барқи Айнӣ-Хуҷанд-ро ба кор андохт.

Соли 2011 – Расул Боқиев, варзишгари тоҷик барандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Алматои Қазоқистон гардид.

Соли 2013 – Дар “Наврӯзгоҳ”- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.

Соли 2018 – Додситони кулли Тоҷикистон тафтишоти парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳе, ки ба сайёҳони велосипедрон хориҷӣ дар Данғара ҳамла карда буданд, ба итмом расонд. Баъдтар ӯ ба ҳукми абад маҳкум гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳусейн Абдусамадов дар зиндон

Соли 2018 – Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе толори нав барои қабули меҳмонони расмӣ ифтитоҳ шуд.

Соли 2020 – Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархости “Азия-Плюс”-ро барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати инъикоси раванди интихоботи президентӣ рад кард.

Соли 2023 – Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Осиёии “Ҳангжоу-2022” аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Баҳодур Файзулло, нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳодур Файзулло

Баҳодур Файзулло хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Истаравшан ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро соли 1957 дар маҷаллаи “Хорпуштак” оғоз кардааст.

Ӯ то соли 1991 чун мухбири сайёр, ходими адабӣ ва муҳаррири калони шуъбаи адабӣ хидмат намуд ва баъд ба зодгоҳаш – шаҳри Истаравшан баргашт ва чун раиси бахши шаҳрии Бунёди забони тоҷикӣ фаъолият кард.

Ӯ муаллифи китобҳои “Ками мову карами Шумо”, “Як дақиқа берун бароед”, “Обсофкунак”, “Камкори сертарадуд”, “Бандаи ханда” аст.

Ҳамчунин дар ҷамъоварии осори парокандаи Зуфархони Ҷавҳарӣ хидматҳои назаррас карда, осори шоирро бо номи “Мунтахаби осор” пешкаши хонандагон намудааст.

Нависанда соли 2008 дар синни 75 аз олам чашм пӯшид.

Соли 1946 – Мавлуди Шерзот Абдуллоев, файласуфи тоҷик, муовини пешини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон.

Соли 1958 – Мавлуди Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, таърихнигори тоҷик, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, донишманди тавонои тоҷик ва аз муаррихони саршиноси тоҷик буда, тӯли 13 сол сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик аст.

Ӯ хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1983 то соли 2012 дар Институти шарқшиносӣ ва як муддат дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Самтҳои фаъолияти илмии ӯ доманадор буда, тавассути таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши таърихи давлати асримиёнагии тоҷикон – Ғуриён дар Тоҷикистон вусъат ёфт ва дар китобҳои таълимии макотиби миёна ва олии мамлакат бештар ворид шудааст.

Инчунин, аввалин бор давлати тоҷикии Куртҳои Ҳиротро таҳқиқ ва ба доираҳои илмию таълимии Тоҷикистон ворид карда, дар асоси маълумоти сарчашмаҳо наслкушии тоҷикон ба дасти чингизиёнро собит намудааст.

Ӯ саҳми ҷаҳонии тоҷиконро барои тоҷикистониён барои аввалин бор таҳқиқ ва баррасӣ намуда, таърихнигории миллии тоҷикро таҳқиқ ва интишор кардааст. Бо пешниҳоди ӯ чандин арзишҳои миллӣ дар сатҳи давлатӣ эҳё ва амалӣ карда шуданд.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ муаллифи беш аз 20 китоби бузургҳаҷм аст, ки “Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX—XIV”, “Таърихи халқи тоҷик, асрҳои XI-XIV”, “Равзату-с-сафо”-и Мирхонд дар ин миён маъруфанд. Инчунин бо номи мустаори Ибни Қурбон китобҳои “Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим” ва “Фавоҳиш ва раҳоиш”-ро навиштааст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Аҳмад Маҳмудзода, сиёсатмадори тоҷик, вакили парлумони Тоҷикистон.

Соли 1998 – Саъдулло Асадуллоев, адабиётшинос, асосгузор ва президенти Академияи Камоли Хуҷандӣ дар 66-солагӣ аз олам чашм баст.

Саъдулло Асадуллоев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳо дар ин боргоҳи илм дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Ӯ як муддат ноиби декани факултаи таъриху филология ва беш аз 15 сол мудири кафедраи адабиёти тоҷик ин донишгоҳ будааст. Баъдан ба Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ба фаъолият пардохтааст.

Ӯ муаллифи беш аз 200 кори илмӣ бахшида ба масъалаҳои мухими таърихи адабиёти форсу тоҷик буда, мураттиб ва муаллифи як катор хрестоматия ва китобҳои дарсӣ низ аст.

Махсусан, дар таҳқиқи осори Камоли Хуҷандӣ саҳми арзанда дошта, “Девони Камоли Хуҷандӣ”-ро дар ду ҷилд омода сохтааст.

Саъдулло Асадуллоев соли 1991 Академияи Камоли Хуҷандиро таъсис дода, роҳбарии онро ба дӯш дошт, аммо баъди маргаш ин академия соли 2000 барҳам хӯрд.

Соли 2015 – Абдухолиқ Сӯфиев, овозхон, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар синни 61 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдухолиқ Сӯфиев

Абдухолиқ Сӯфиев аз модар нобино ба дунё омад. Ӯ соли 1983 ба Бадахшон рафт ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни “Панҷтанон” буд.

Абдухолиқ Сӯфиевро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи машриқзамин Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар филмҳои “Ишқ ва фалсафа”-и Муҳсини Махмалбоф ва “Овора”-и Далер Раҳматов нақш бозидааст.

Абдухолиқ Сӯфиев 26-уми сентябри соли 2015 дар синни 61 аз олам даргузашт.

Соли 2024 – Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ дар 60-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдушариф Боқизода

Абдушариф Боқизода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар риштаи забони арабӣ дар соли 1994 ва фориғуттаҳсилли риштаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Абдушариф Боқизода муаллифи чандин рисолаву асарҳои арзишманд ба монанди “Ислом раҳнамои халқҳо”, “Таърихи ислом”, “Ошноӣ бо Қуръон”, “Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият”, “Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ”, “Тафсири навини Қуръони карим”, “Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам” ва дигар китобҳо мебошад.

Солҳои охир ӯ дар Энсклопедияи миллии Тоҷик кору фаъолият мекард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи забонҳои аврупоӣ таҷлил мешавад. Он соли 2001 бо ташаббуси Шӯрои Аврупо ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст.

Ҳадафҳои асосии ин рӯз ҳифз ва пуштибонӣ аз гуногунрангии забонҳо дар қораи Аврупо ва ҷаҳон, равнақ додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни мардум, ташвиқи омӯхтани забони дуюм ва ҳатто сеюм ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи зарурати ҳифзи забонҳои камшумору зери хатари нобудшавӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Аврупо ҳоло ҳам тақрибан 225 забони аслии маҳаллӣ истифода мешавад. Аммо беш аз нисфи онҳо зери хатари азбайнравӣ қарор доранд.

Аз соли 2007 инҷониб 26-уми сентябр дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз бордоршавӣ (World Contraception Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои тандурустӣ ва рушди аҳолӣ роҳандозӣ шудааст.

Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи роҳҳои пешгирии ҳомиладорӣ, коҳиши сатҳи исқоти ҳамл, таъкиди масъулияти ҷинсӣ ва беҳбуд бахшидани тандурустии репродуктивии ҷомеа аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ҳамунин Рӯзи байналмилалии мубориза барои поксозии ҷаҳон аз силоҳи ядроӣ (International Day for the Total Elimination of Nuclear Weapons) ҷашн гирифта мешавад.

Он соли 2013  аз ҷониби СММ таъсис ёфтааст. Мақсади он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати барҳам додани силоҳи ядроӣ, баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатари мавҷудияти аслиҳаи ядроӣ, тарғиби сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ дар ҷаҳони бидуни яроқи нобудкунанда аст.

Ин рӯз яке аз ҷашнҳои расмӣ дар низоми СММ мебошад ва ҳамасола дар сатҳи давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ қайд мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳар сол 26 сентябр ҳамчун Рӯзи ғайрирасмии вохӯрӣ бо дӯстони кӯҳна (Old Friends Reunion Day) ёдоварӣ мешавад. Гарчанде санаи таъсис ва муассиси расмии ин рӯз маълум нест, он дар байни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуҳрат пайдо кардааст.

Мақсади ин рӯз ёдоварӣ аз дӯстони куҳан, барқарор кардани робитаҳое, ки бо гузашти солҳо суст шудаанд, тақвияти муносибатҳои дӯстона ва эҳёи хотираҳои ширин аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...