Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 27 СЕНТЯБР

– Имрӯз соати 16:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский намоиши “Дар ҷустуҷӯи муҳаббат” (“В поисках любви”), ки бо коргардонии Хуршед Мустафоев ба саҳна омадааст, намоиш дода мешавад. Арзиши чипта 35 сомонӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайри ройгони сайёҳии “City Tour” ташкил карда мешавад. Макони ҷамъшавӣ назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ буда, саёҳат соати 19:00 шурӯъ мешавад.

Сокинону меҳмонон имкон доранд тавассути саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва TikTok (dushanbe.travel), инчунин тариқи почтаи электронии [email protected] ва тамос бо масъулин (2231829; 917370707; 003881616) номнавис намоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз дар "IT Park" Душанбе маросими ифтитоҳи расмии ташаббуси “Women in Tech Tajikistan” баргузор мешавад. Рӯйдоди асосӣ ин муаррифии стартапҳо дар бахши “STEM & Social Impact” аст, ки дар он дастаҳои ҷавон тарҳҳои технологии дорои аҳамияти иҷтимоиро муаррифӣ мекунанд. Се дастаи беҳтарин барои амалисозии ташаббусашон дар ҳаҷми 20 000, 10 000 ва 5 000 сомонӣ маблағ ба даст меоранд.

Ин чорабинӣ ҷавонони соҳибкор, мутахассисони IT, донишҷӯён, сармоягузорон ва намояндагони тиҷоратро ҷамъ меорад. Инчунин дар барнома суханронии меҳмонони хориҷӣ ва муҳокимаҳои панелӣ дар назар аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 СЕНТЯБР

Соли 1968 – Дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён баргузор гардид.

Соли 2006 – Дар шаҳри Исфара ба ҷони Низомхон Ҷураев, директори генералии ширкати “Кимиё”, Содиқҷон Рустамов, муовини шаҳрдори Исфара ва Содирхон Убайдуллоев, сокини маҳаллӣ суиқасд сурат гирифт.

Соли 2013 – Раиси вақти шаҳри Душанбе пахши мусиқиро бо садои баланд дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ кард.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ташаббуси нави эълони “Даҳсолаи байналмилалии об”-ро пешниҳод намуд.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Душанбе ба кори марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Талко-Крантас” расман оғоз бахшиданд.

Соли 2018 – Президентони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе Боғи “Алишер Навоӣ” ва муҷассамаи “Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Соли 2018 – Рӯзномаи “Азия-Плюс” нахустин бор дар кишвар бо унсури воқеияти афзуда нашр шуд, ки имкон медод саҳифаҳоро варақ зада, наворҳоро бевосита аз он тариқи телефон тамошо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1325 – Амир Хусрави Деҳлавӣ, шоир ва файласуфи форсу тоҷик дар 72-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Амир Хусрав

Амир Хусрави Деҳлавӣ, шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон  соли 1253 дар шаҳри Патёлии соҳили дарёи Ганг ба дунё омадааст. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз шаҳри Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор карда буд.

Хусрави Деҳлавӣ дар 20-солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори ҳокимони Банголаю Деҳлӣ дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст.

Ӯ аз 7-8 солагӣ ба шеъргўӣ пардохт ва дар шеърҳои аввалинаш тахаллуси “Султонӣ” дошт. Зиндагии Хусрави Деҳлавӣ дар яке аз давраҳои хеле ноором ва пур аз кашмакашиҳои сиёсии Ҳиндустон гузаштааст ва шоҳиди бисёр ҳодисаҳо буд, ки қисми зиёди онҳоро дар осори худ инъикос кардааст.

Ӯ 52-соли ҳаёташро дар муҳити адабии дарбор ва хизмати ҳокимону султонҳо гузаронида, қабоҳати ҳаёти феодалӣ ва дасисакориҳои дарбориёнро бо чашми худ дидааст.

Хусрави Деҳлавӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик нахустин шоирест, ки панҷ девони ашъор тартиб дода, ба ҳар кадоми онҳо шеърҳои дар давраҳои гуногун эҷодкардаашро дохил карда, ба онҳо мувофиқи давраҳои ҳаёташ номи махсус гузоштааст.

Амир Хусрави Деҳлавӣ 18-уми шавволи соли 725-и ҳиҷрӣ, ки мувофиқ ба 27-уми сентябри соли 1325 баробар аст, даргузашт.

Соли 1927 – Мавлуди Боймуҳаммад Ниёзов, овозхони маъруф ва устоди “Шашмақом”, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Падару бобои Боймуҳамад Ниёзов низ аз сарояндаву навозандагони маъруфи давр будаанд, ки писарашон низ аз пайи онҳо ба саҳнаи санъат ворид шуд. Ӯ сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, ҳамзамон дар чанд филм ҳунарнамоӣ низ кардааст. Аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Ду ҳусну ду ишқ” нақш офаридааст.

Овозхон соли 1963 дар Филармонияи давлати Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва солҳои 1980-1986 устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Сипас ба шаҳри Хуҷанд, зодгоҳаш баргашт ва то охири умр он ҷо монд. Як муддат дар дастаи мусиқии “Нури Хуҷанд” муаллимӣ карда, дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба шогирдон дарси “Шашмақом” медодааст.

Ӯ беш аз 50 суруд офаридааст, ки чанде аз онҳоро сарояндагони номии кишвар иҷро мекунанд. “Дар сари тасвир”, “Нози он раъно шикаст”, “Ороми ҷон баромад”, “Бадахшон”, “Қурбони ту бошам” аз беҳтарин таронаҳои эҷодкардаи Ниёзов мебошанд.

Боймуҳаммад Ниёзов шаби 1-уми феврали соли 2009 дар синни 81 аз олам рафт.

Наберааш Таҳмина Ниёзова низ ба ҷодаи санъат қадам ниҳода, ин касби авлодиашро идома медиҳад.

Соли 1963 – Мавлуди Равшани Махсумзод, нависанда, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Равшани Махсумзод

Ӯ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили илм карда, баъди адои хидмати ҳарбӣ таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград идома додааст.

Сипас дар ҳафтаномаи “Сухан”, “Саховат”, маҷаллаи “Тоҷикистон” кор карда, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Зан ва мард”, “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе” ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Равшан Махсумзод маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои “Арзи дил”, “Қалами шинос”, “Духтари кӯҳистон”, “Сояи ишқ”, “Кафан киса надорад”, “Пули Сирот”, “Дили модар”, “Ишки зистан”, “Кафшергар”, романи “Ғуруб” ва “Модари суфрадӯзи ман”-ро интишор намудааст.

Инчунин ӯ дар хусуси зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти пурсамари чеҳраҳои мондагори илму фарҳангу адаби тоҷик, монанди Устод Айнӣ, ҳунарпешаи номӣ Ҳошим Гадо, олими маъруф Ҳамид Мансуров, нависандагони машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Муаззама нигоштаҳои зиёди публисистӣ дорад.

Соли 1981 – Зодрӯзи Тоҳир Набизода, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, вакили парлумони Тоҷикистон дар даъвати VII.

Соли 1982 – Мавлуди Шероз Муъминзода, ҳуқуқшинос, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шероз Муъминзода

Шероз Муъминзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, солҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Солҳои 2009-2012 муовини декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, солҳои 2012-2015 мудири бахши тайёрӣ, як муддат ёвари директор ва солҳои 2017-2018 декани факултети тиҷорат ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон будааст.

Муъминзода солҳои 2018-2024 декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва солҳои 2024-2025 муовини ректор оид ба корҳои таълими ин донишгоҳ будааст.

Аз моҳи майи имсол дар мансаби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Соли 1990 – Зодрӯзи Манучеҳр Ҷалилов, футболбози тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манучеҳр Ҷалилов

Манучеҳр Ҷалилов ҳамлагари бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон буда, тӯли солҳои фаъолияташ дар дастаҳои мухталиф бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2009–2010 дар “Локомотив-2”, солҳои 2011–2014 “Нефтехимик”, солҳои 2015–2017 дар “Истиқлол” бозӣ кардааст. Баъдан се сол дар клуби Индонезия буд ва соли 2020 ба бошгоҳи “Истиқлол” баргашт.

Манучеҳр Ҷалилов дар корномаи худ борҳо нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон гардидааст. Дар мавсими 2024 Ҷалилов бо задани 17 гол нишонзани лигаи олӣ шуд. Пештар аз ин низ ӯ солҳои 2015, 2016 ва 2021 ва 2022 беҳтарин нишонзани лигаи олӣ шуда буд.

Соли 2017 – Душанбе Паллаев, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 67 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Душанбе Паллаев

Ӯ тарғибгари созу мусиқии кӯҳистон ва муассиси ансамбли “Умед” дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон буд.

Паллаев хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин буда, як муддат ба сифати сароянда дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ кор карда, минбаъд директори Хонаи маданияти ҷамоаи Вери ноҳияи Шуғнон будааст.

Номбурда услубу равияи хоси овозхонӣ дошта, дар таронаҳояш одаму одамгарӣ, ҷавонмардӣ, дӯстӣ, Ватан, Модар, сулҳу субот, ишқу муҳаббатро тараннум намудааст.

“Зиндагӣ”, “Хоруғи ман”, “Тоҷикистон”, “Хуш бод”, “Бадахшонам”, “Дӯстон”, “Ҳасрат”, “Саногӯи ту бод”, “Пайғом” аз беҳтарин таронаҳои Душанбе Паллаев мебошанд.

Овозхон субҳи 27-уми сентябри соли 2017 бар асари бемории дил даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии гардишгарӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии туризм (UNWTO) соли 1979 таъсис ёфтааст ва ҳамасола 27-уми сентябр таҷлил мешавад. Ҳадафи ҷашн таъкиди нақши муҳими сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таҳкими робитаҳо миёни халқҳои гуногун мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз дар бисёр давлатҳо бахши сайёҳӣ яке аз сутунҳои асосии иқтисод дониста мешавад. Тоҷикистон низ бо сарватҳои табиӣ, кӯҳҳои баланд, фарҳанги куҳан ва ёдгориҳои бостонии худ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва солҳои охир барои рушди сайёҳӣ барномаҳои зиёд татбиқ мешаванд.

27-уми сентябр Рӯзи ихтирои системаи ҷустуҷӯии Google аст. Гарчанде таърихи аслии таъсиси он чанд марҳиларо дар бар мегирад, маҳз ин сана ҳамчун рӯзи расмии ихтирои он пазируфта шудааст.

15-уми сентябри соли 1997 номи домени “google.com” ба қайд гирифта шуд. 7 сентябри соли 1998 ширкати “Google Inc” расман таъсис ёфт. Соли 2000 худи ҷустуҷӯгар фаъолияти пурраи худро оғоз кард.

То соли 2006 ширкати “Google” санаи пайдоишашро дар рӯзҳои гуногун ҷашн мегирифт, вале баъдан 27-уми сентябрро ҳамчун санаи ягона интихоб намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таърихи ин ширкати ҷаҳонӣ аз миёнаи солҳои 1990 сарчашма мегирад. Ду донишҷӯи Донишгоҳи Стэнфорд – Ларри Пейҷ ва Сергей Брин аввалин прототипи ҷустуҷӯгареро бо номи BackRub сохтанд, ки аҳамияти сомонаҳоро аз рӯи истинодҳои бозгашт арзёбӣ мекард. Баъдан барои номи нав аз калимаи “googol” – рақаме, ки аз воҳид ва сад сифр иборат аст, илҳом гирифтанд. Бо хатои тасодуфӣ “Google” навишта шуд ва ҳамин навишт номи расмии ширкат гардид.

Дар охири солҳои 1990 созандагон ният доштанд лоиҳаро ба дигарон фурӯшанд, аммо ин кор амалӣ нашуд ва Google ба бузургтарин ҷустуҷӯгари интернетӣ табдил ёфт.

Ширкат бо харидории платформаҳои бузург, аз ҷумла “YouTube”, “Motorola Mobility” ва лоиҳаи “Earth Viewer” фаъолияти худро васеъ намуд. Соли 2015 “Google” ба сохтори нави холдинги “Alphabet Inc.” дохил шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...