Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе омодагиҳо ба мавсими гармидиҳиро оғоз кардаанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Марказҳои барқу гармидиҳии (МБГ) №1 ва №2 ва дегхонаҳои ғарбиву шарқӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар фасли зимистон сокинони пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунанд, корҳои омодагӣ ба мавсими гармидиҳиро оғоз кардаанд. Ҳоло танҳо барои санҷишу корҳои техникӣ дар бархе ноҳияҳои пойтахт оби гарми қубуриро сар додаанд.

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло корҳои омодагӣ ва санҷишӣ ба мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт идома дорад.

“Санаи дақиқи ба кор оғоз кардани марказҳои гармидиҳӣ маълум нест. Ин вобаста ба вазъи ҳаво буда, дар асоси он ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои марбута фармони оғози мавсими гармидиҳиро мебарорад”, – гуфт Аҳмадзода.

Ба гуфтаи намояндаи “Барқи тоҷик”, Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2-и шаҳри Душанбе, ба мавсими нави гармидиҳӣ пурра омода мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе ҳамасола аз нимаи моҳи октябр марказҳои барқу гармидиҳӣ ба кор оғоз мекунанд ва марҳила ба марҳила сокинони пойтахт бо оби гарм таъмин мешаванд. Мавсими гармӣ то моҳи апрели соли оянда давом мекунад.

Мақомот гуфтанд, имсол 3 ҳазору 300 иншоот ба гармӣ пайваст мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 100 иншоот зиёд аст.

Ҷалолиддин Шарифов, роҳбари филиали базаи нақлиётӣ ва таъминоти ангишти “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, захираи ангишт барои эҳтиёҷи филиали МБГ №2 ва №1-ум ҳамагӣ 1,1 млн тонна муайян шудааст.

“Тибқи нақша то моҳи декабр барои таъмини эҳтиёҷоти МБГ 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт бояд захира кунем. Аллакай беш аз 1 миллион тонна ангишт ба МБГ дастрас карда шуданд. Ангишт аз конҳои “Фон-Яғноб”, металургӣ, "Паҳндара", кони “Қудрат-2010” ва кони маъдан оварда мешаванд”, -гуфт Шарифов.

Ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шуааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...