Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон. Кадоме воқеан кор мекунанд ва кадоме танҳо дар коғаз “фаъолият доранд”?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаҳо, ки дар 5 минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон фаъоляит мекунанд, дар 8 моҳи соли равон ба маблағи 450,5 млн сомонӣ (48,3 млн доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар. Зиёда аз 95% он ба МОИ-и "Суғд" ва "Данғара" рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсол дар МОИ "Суғд" дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 42,5% афзудааст.

 

МОИ "Суғд"

Дар МОИ “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд бо фарогирии 320 гектар 44 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 38-тоаш ширкатҳои ватанӣ ва 6-тоаш муштарак (бо Лаҳистон (Полша) ва Туркия) мебошанд.

Дар 8 моҳ соли 2025 дар 19 корхонаи минтақа ба маблағи 368,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 42,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Нишондиҳандаҳои баландтарин дар ширкатҳои "Тоҷпроф" (241,2 млн сомонӣ), "Афранг Пластик" (52,9 млн сомонӣ) ва "Азияполитекс" (13,7 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин,дар он ба маблағи 2,4 млн сомонӣ корҳои хидматрасонӣ анҷом дода шуда, ба маблағи қариб 280 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудааст.

Минтақа бо қарори ҳукумат моҳи майи соли 2008 таъсис дода шуда, маросими ба истифода додани он моҳи августи соли 2009 баргузор шуд. Муҳлати амали минтақа 50 сол муқаррар шудааст.

 

МОИ "Данғара"

Дар МОИ “Данғара” дар ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон бо фарогирии майдони 541,3 гектар дар ин давра 12 корхонаи саноатӣ фаъолият кардаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсол 67,4 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа корхонаҳои "Тоҷикистон Петролиум" (26,5 млн сомонӣ), "Ауфен" (14 млн сомонӣ) ва "Детйен Бетон" (9,2 млн сомонӣ) пешсафанд. Дар ҳамин ҳол, корҳои сохтмонӣ ҷараён надошта, вале ширкатҳо ба маблағи 1,6 млн сомонӣ корҳои хидматрасонӣ анҷом додаанд.

Минтақаи мазкур бо қарори ҳукумат моҳи феврали соли 2009 таъсис дода шуда, муқаррароти он соли 2019 тасдиқ шудааст.

 

МОИ "Панҷ"

Дар МОИ "Панҷ" (401,6 гектар, ноҳияи Ҷайҳун)  6 корхона ба қайд гирифта шуда, танҳо дар як корхона ҶСП "Фон Дарё" (14,3 млн сомонӣ) маҳсулот истеҳсол шудааст. Ғайр аз ин, ба маблағи 1,44 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расидаанд

Ин минтақа бо қарори ҳукумат аз 30 августи соли 2019 таъсис дода шудааст.

 

МОИ "Кӯлоб"

Дар МОИ “Кӯлоб” (309 гектар) 2 корхона сабт шуда, танҳо яктои он – ширкати "Тоҷик Алмос" кор кардааст. Дар ин корхона ба маблағи ҳамагӣ 381,3 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми корҳои сохтмону паймонкорӣ 10,9 млн сомониро ташкил медиҳад.

Минтақаи мазкур бо қарори ҳукумат моҳи августи соли 2019 таъсис дода шудааст.

 

МОИ "Ишкошим"

Дар МОИ “Ишкошим” дар ин давра истеҳсоли саноатӣ ба қайд гирифта нашуда, танҳо ба маблағи 1,2 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст.

Ин минтақа моҳи феврали соли 2009 таъсис дода шудааст.

Пас аз қариб ду даҳсола баъди таъсиси аввалин минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо минтақаҳои "Суғд" ва "Данғара" самаранокии худро нишон дода, барои рушди саноат ва ҷалби сармоягузориҳо замина фароҳам оварданд.

Дар ҳамин ҳол, минтақаҳои озоди иқтисодии "Панҷ", "Кӯлоб" ва "Ишкошим" ҳоло ҳам "дар марҳилаи рушд қарор доранд" ё гӯё зоҳирӣ фаъолият доранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бидуни тадбирҳои маҷмӯавии дастгирии тиҷорат ва беҳбуди иншооти зерсохтор, имконоти ин минтақаҳо ҳамин тавр истифоданашуда боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...