Бозору марказҳои савдои Душанбе се рӯз баста мешаванд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бархе бозору марказҳои савдо дар шаҳри Душанбе се рӯз – 8, 9, 10-уми октябр баста мешаванд.

Дар ин бора қарорҳои алоҳидаи шаҳрдорӣ ва Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар пойтахт содир шудааст, ки имрӯз, 3-юми октябр “Азия-Плюс” бо нусхаи онҳо шинос шуд.

Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ки онро Абдураҳмон Абдураҳмонзода яке аз муовинҳои раиси шаҳр имзо кардааст, давоми се рӯз 11 бозору маркази савдои пойтахт баста мешаванд:

– Бозори “Корвон”;

– Бозори “Корвон-плюс”;

– Бозори “Ховарон”

– Бозори "Мошинасарой" (Автобаза)-и “2927”;

– Бозори “Кӯшониён”;

– Бозори “Фаровон”;

– Бозори “Балх”;

– Маркази савдои “Панҷшер”;

– Маркази савдои “Ганҷина”;

– Маркази савдои “Файёз-2015 (Корвони шаҳр);

– Маркази савдои “Варзоб ТҶ”;

– Маркази савдои “Кавсар”.

Инчунин дар бозори “Саховат” 11-уми октябр ва бозори “Меҳргон” 13-уми октябр рӯзҳои санитарӣ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қарори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки давоми се рӯз танҳо бозорҳои “Корвон”, “Кӯшониён” ва марказҳои савдои “Панҷшер”, “Ганҷина”, “Садбарг”-и шаҳри Душанбе кор нахоҳанд кард.  

“…бо мақсади таъмини амнияти меҳмонон, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирӣ намудани тамбашавӣ, маҳдуд кардани шаҳрвандон дар хатсайрҳои ташрифотӣ таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти бозорҳо ва марказҳои таҳти роҳбарии шумо қарордошта аз 8 то 10-уми  октябр муваққатан қатъ гардида, ҳамчун рӯзҳои санитарӣ эълон карда шаванд”, -омадааст дар қарори Раёсати ВКД.

Инчунин, раёсат аз роҳбарияти бозору марказҳои савдо талаб кардааст, ки дар ин рӯзҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро таъмин кунанд. 

Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гашту гузори сокинон дар кадом роҳу кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд мегардад. Аз Раёсати ВКД Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, то ҳол қарори ниҳоӣ дар ин хусус набаромадааст.

Дар ҳамин ҳол, аз номи Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне мечархад, ки дар он гуфта мешавад, ки сокинону меҳмонони пойтахт “аз 8 то 10-уми октябр бинобар кор накардани бархе бозорҳо маҳсулоти ниёзи аввали худро пешакӣ захира кунанд”.

Инчунин аз масъулини бозору марказҳои савдо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо талаб мешавад, ки ҳолатҳои тозагии бино, риояи либоси ягонаи корӣ, маданият ва одобу ахлоқ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд. 

Аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе гуфтанд, чунин эълоне аз сӯи онҳо нашру паҳн нашудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 10-уми октябр дар шаҳри Душанбе нишасти сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия (9-уми октябр) ва дар доираи он баргузории вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” дар назар аст. Корҳои омодагӣ ба ин чорабиниҳо аллакай аз охири моҳи сентябр оғоз шуда буд.

Аз ҷумла, дар 11 мавзеи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гулгаштҳо сохта шуданд. Барои сохтани онҳо зиёда аз 2 млн гулҳои мавсимӣ истифода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав таҳти раёсати Русия доир гардид. Он замон тасмим гирифта шуда буд, ки аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...