Омбудсмени Тоҷикистон бо шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндони Ваҳдат шинос шуд

Умед Бобозод, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон аз зиндони маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат) боздид карда, бо чанде аз маҳбуони хориҷӣ мулоқот ҳам кардааст. Сомонаи Омбудсмен медиҳад, ки Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагон, ҳамчунин шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ ва […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Умед Бобозод, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон аз зиндони маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат) боздид карда, бо чанде аз маҳбуони хориҷӣ мулоқот ҳам кардааст.

Сомонаи Омбудсмен медиҳад, ки Умед Бобозода бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагон, ҳамчунин шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ ва хидматрасонии тиббии муассиса шинос шудааст.

Ӯ дар ин зиндон, бо маҳкумшудагони хориҷӣ аз Қирғизистон, Афғонистон ва Русия суҳбати алоҳида кардааст. Бархеи онҳо аз омбудсмен хостаанд, ки барои интиқоли онҳо ба ватани худ мусоидат кунад.

"Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш, Омбудсмен шароитҳои нигаҳдории маҳкумшудагонро мутобиқ ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои байнулмилалӣ эътироф кард. Бо раҳбарияти муассиса масоили иҷрои меъёрҳои қонун ва уҳдадориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд", – зикр мегардад дар хабар.

Қаблан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити нигаҳдории маҳбусонро мавриди интиқод қарор дода, дар гузориш оид ба ҳолати зиндонҳо дар соли 2023 ва солҳои пешин ба мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла беҳад зиёд пур будани зиндонҳо, инчунин нишондиҳандаҳои баланди гирифторӣ ба бемориҳо ва маргу мир миёни маҳкумшудагон ишора карда буд.

Яке аз мушкили асосӣ риоя нашудани шароити санитарӣ зикр гардида буд. Санҷиши Омбудсмен дар соли 2023 маълум карда буд, ки дар маҳбас ё Муассисаҳои ислоҳиии ЯС 3/4 -ум 300 нафар, Муассисаи ислоҳии ЯС 3/7-ум 162 нафар ва Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-уми 136 маҳкумшуда аз меъëр зиëд нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз ин, дар гузориш ба мушкилоти марбут ба таъмири биноҳо, мавҷуд набудани лавҳаҳо оид ба ҳуқуқи маҳкумшудагон ва фарогирӣ бо шуғл таваҷҷуҳ шуда буд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13  ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда нигоҳ дошта мешуданд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244  шаҳрванди хориҷӣ буданд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр гардида буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 350 нафар ба вируси норасоии масунияти одам (ВHMО) мубтало шуда, зиёда аз 100 нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд.

Соли гузашта 53 нафар дар зиндонҳо фавтида буданд, ки ин нисбат ба соли 2022 8 кас камтар аст. Сабаби асосии фавти онҳо бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон номбар шуда буданд.

Ин делелҳо боиси нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.