Гулгаштҳои нав дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе. Ба кадом муносибат?

Дар 11 мавзеи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гулгаштҳо сохта мешаванд. Барои сохтани онҳо зиёда аз 2 млн гулҳои мавсимӣ истифода мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. Дар дастгоҳи раиси пойтахт изҳор доштанд, ки шаҳри Душанберо ба муносибати нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар 11 мавзеи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гулгаштҳо сохта мешаванд. Барои сохтани онҳо зиёда аз 2 млн гулҳои мавсимӣ истифода мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар дастгоҳи раиси пойтахт изҳор доштанд, ки шаҳри Душанберо ба муносибати нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 10-уми октябри соли 2025 баргузор мешавад, омода мекунанд.

Гулгаштҳои ҷолиб аллакай дар майдони назди бинои парлумони Тоҷикистон, Театри опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъат ва дигар ҷойҳо гузошта шудаанд. Гузоштани онҳо дар дигар мавзеъҳои шаҳр идома доранд.

Гулгаштҳо бо иштироки КВД “Рекламаи берунӣ ва ороишӣ”-и шаҳри Душанбе сохта шуда, гулҳои мавсимӣ дар КВД “Сабзкорӣ” парвариш ёфтаанд.

Дар муассиса зикр карднд, ки гулҳо бо маблағи шаҳрдорӣ харидаву парвариш мешаванд ва барои сохтани гулгаштҳо қариб ҳамаи кормандони хадамоти коммуналӣ ҷалб шудаанд.

 

Нишасти ИДМ, вохӯрии "Осиёи Марказӣ – Русия" ва сафари Путин

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябр шаҳри Душанбе ба майдони рӯйдодҳои муҳими байнулмилалӣ табдил меёбад. Рӯзи 10-уми октябр нишасти ИДМ доир мегардад. Дар Душанбе интизорӣ доранд, ки натиҷаҳои он ба рушди ИДМ такони нав бахшида, ваҳдату ягонагии кишварҳои ИДМ-ро мустаҳкамтар месозад.

Дар доираи нишаст дар Душанбе ҳамчунин вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” баргузор мешавад.

Пеш аз нишаст рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо баррасии масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар назар аст. Владимир Путин ҳамчунин дар кори нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” иштирок мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав таҳти раёсати Русия доир гардид. Он замон тасмим гирифта шуда буд, ки аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Нишасти якум дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” моҳи октябри соли 2022 дар Остона ба муносибати 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.