Тими миллии футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт

Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Вале бо вуҷуди ин, дастаи мо ба унвони яке аз беҳтарин дастаҳои зинаҳои дуюми гурӯҳ ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт. Набарди тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон шоми 24-уми сентябр, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии […]

Asia-Plus

Дар бозии даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Вале бо вуҷуди ин, дастаи мо ба унвони яке аз беҳтарин дастаҳои зинаҳои дуюми гурӯҳ ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт.

Набарди тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҷопон шоми 24-уми сентябр, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, мунтахаби Камбоҷа муқобили Макао бо натиҷаи 11:2 пирӯзӣ ба даст овард.

Баъди анҷоми даври интихобӣ, Тоҷикистон бо доштани 6 хол аз зинаи дуюм ва Ҷопон бо дарёфти 9 имтиёз аз мақоми аввали гурӯҳи “С” ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфтанд.

Дар даври интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 ба сурати умум 31 даста иштирок карда, ғолибони гурӯҳ мустақиман ва боз 7 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба мусобиқаи Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд.

Ба ҷуз Тоҷикистон, тимҳои зерин ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифтанд:

Австралия;

Таиланд;

Ҷопон;

Ветнам;

Қирғизистон;

Эрон;

Афғонистон;

Кувейт;

Кореяи Ҷанубӣ;

Ӯзбекистон;

Лубнон;

Малайзия;

Мянма.

Мусобиқаи Ҷоми футзали Осиё-2026 аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мешавад. Дар мусобиқа 16 даста рақобат мекунанд. Дастаҳо ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.