Насби суръатсанҷ ва дурбинҳои назоратӣ дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон

Дар шоҳроҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон асбоби суръатсанҷ (радар) ва дурбинҳои назоратӣ (камера) насб мекунанд, ки ҳадафи он коҳиши қоидавайронкунии ронандагон ва садамаҳои нақлиётӣ аст. Дурбинҳои назоратӣ ва суръатсанҷҳо айни замон дар як қатор шоҳроҳҳои кишвар, аз қабили Душанбе – Ҳисор, Душанбе – Ваҳдат, Душанбе – Бохтар ва дигар роҳҳои автомобилгард насб шуда истодаанд. Камераҳои назоратӣ ва суръатсанҷ (радар) […]

Варақаи иттилоотӣ

Дар шоҳроҳҳои байнишаҳрии Тоҷикистон асбоби суръатсанҷ (радар) ва дурбинҳои назоратӣ (камера) насб мекунанд, ки ҳадафи он коҳиши қоидавайронкунии ронандагон ва садамаҳои нақлиётӣ аст.

Дурбинҳои назоратӣ ва суръатсанҷҳо айни замон дар як қатор шоҳроҳҳои кишвар, аз қабили Душанбе – Ҳисор, Душанбе – Ваҳдат, Душанбе – Бохтар ва дигар роҳҳои автомобилгард насб шуда истодаанд.

Камераҳои назоратӣ ва суръатсанҷ (радар) айни замон дар як қатор шоҳроҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурӣ аз қабили шоҳроҳҳои Душанбе – Ҳисор, Душанбе – Ваҳдат, Душанбе – Бохтар ва дигар шоҳроҳҳои автомобилгард насб шуда истодааст.

Шоҳроҳҳои байнишаҳрии кишвар аз ҷумлаи хатарноктарин дониста мешавад. Зеро ба сабаби суръати баланд нақлиёт дар ин роҳҳо ҳар сол даҳҳо ҳодисаи нохуш сабт мешавад, ки боиси ҳалокати инсонҳо мегардад.

Аз ҷумла, чанде пештар дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор дар пайи садамаи нақлиёт як кӯдаки ҳаштсола ба ҳалокат расид. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар як мошини боркаш ба 7 мошини дигар бархӯрд, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, танҳо дар соли гузашта дар кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ 552 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 1-2 кас дар натиҷаи садамаи нақлиёт вафот мекунанд.

 

Низоми NERU чӣ гуна кор мекунад?

Суръатсанҷҳо ва дурбинҳои назоратӣ дар минтақаҳои хатарнок, ки пайваст садамаҳои нақлиётӣ ба назар мерасанд насбу васл гардида, суръати баланд, ҳаракат ба самти муқобил ва дигар қоидавайронкуниҳои хатарнокро сабт мекунанд. Ба ин васила суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба танзим медароянд ва шуморраи садамаҳо коҳиш меёбанд. Маълумоти ҷамъшуда бошад, натанҳо барои вокуниши фаврӣ ба ҳодисаҳо, балки барои таҳлили мунтазами сабабҳои садама, эҷоди инфрасохтори бехатар имкон медиҳад.

Лоиҳаи NERU дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва ҳадафи он эҷоди низоми муосири бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.

Ҳамакнун, ронандагон қоидаҳои ҳаракат ва меъёри суръатро дар шоҳроҳҳо низ риоя мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.