Ихроҷи беш аз 450 муҳоҷир аз Русия дар пайи беш аз 7600 “рейд” дар Маскав

Нодира Собирзода, Asia-Plus

Дар пайи гузаронидани 7 ҳазору 632 “рейд” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдову хӯрокворӣ, хобгоҳҳо ва сохтмонҳои шаҳри Маскав нисбати ҳудуди 1,4 ҳазор муҳоҷир қарори ихроҷ қабул шуда, беш аз 450 тани онҳо аз Русия ихроҷ шуданд.

Дар ин бора Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав хабар дода гуфтааст, ки ҳамаи онҳо дар 9 моҳи соли равон дар ҳудуди пойтат ихроҷ шуданд.

“Дар натиҷаи корҳои анҷомдода оид ба татбиқи қонунгузории маъмурӣ, беш аз 58 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шуд, ки 15 ҳазори он ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ марбут буд. Онҳо қоидаҳои вуруд ва иқомат дар Русияро нақз кардаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Инчунин, беш аз 5 ҳазор кас қоидаҳои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба фаъолияти меҳнатиро вайрон кардаанд.

Манбаъ менависад, ки ғайр аз ин, 242 нафар ҷиноятҳои гуногунро содир намуда, 430 нафар гирифтори бемориҳои хатарнок мебошанд ва 100 нафар бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди Русия шудаанд.

Ихроҷи беш аз 450 муҳоҷир танҳо дар Маскав дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир ҳадди ақал 4 ҳодисаи "ҳамла"-и мақомот ба ҷои кору хоб ва ҳатто маъракаи хурсандии муҳоҷирон дар Русия расонаӣ шуд. Аз ҷумла, дар пайи як "рейд" дар хобгоҳҳои ҷанубу шарқи Маскав беш аз 70 муҳоҷир боздошт шуда буданд.

Аз ин пештар рӯзи 22-уми сентябр кормандони ОМОН ба як маъракаи хурсандии муҳоҷирон ҳамла карда, 26 тани онҳоро аз Русия ихроҷ карданд.

Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, то ба ҳол муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...