Манъи истифодаи “скутер” ва “самокат”-ҳои барқӣ дар Душанбе то соли 2030

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Душанбе рондани “самокат”-у “скутер”-ҳои барқӣ ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ки қайди давлатӣ надоранд то соли 2030 манъ шуд. Дар ин бора қарори вакилони шаҳри Душанбе қабул шудааст.

Пулиси Душанбе гуфт, истифодаи онҳо танҳо дар маконҳои махсус муайяншуда иҷоза аст. Вале маълум нест, ки чунин маконҳо дар пойтахт ҳаст ё не ва агар мавҷуд аст, дар кадом гӯшаи шаҳр аст.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин қарор танҳо ба скутерҳои инфиродӣ ва ё скутерҳое дахл дорад, ки наврасону кӯдакон истифода мекунанд ва ё дар нуқтаҳои махсус ба “иҷора” дода мешавад.

Қарори мазкур ба “мотосикл” ва ё “скутер”-ҳое, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд ва рақами давлатӣ доранд, дахл надорад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми “самокат”-у “скутер”-ҳои барқӣ, коҳиши садамаҳо бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати мошинҳову пиёдагардон, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои мошингард” гирифта шудааст.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ин тасмим то фароҳам шудани шароити зарурии инфрасохторӣ дар шаҳр барои рондани чунин воситаҳо идома хоҳад ёфт.

Дар робита ба ин, мақомот аз шаҳрвандон, хусусан волидони ноболиғон, хостаанд, ки аз истифодаи “самокат”-у “скутер”-ҳои барқӣ худдорӣ намоянд.

 

Ин ниҳод мегӯяд, ки дар пайи 26 садамаи нақлиётӣ бо иштироки "скутер"-у "самокат"-ҳои барқӣ 3 тан ҷон бохта, 24 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

“…сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо пеш аз ҳама беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳаракат бо суръати баланд, баромадан ба самти муқобил ва идора намудани скутер аз ҷониби наврасону ноболиғон ба шумор мераванд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

 

Кадом “скутер”-ҳо иҷозаи фаъолият доранд ва бо кадом шарт?

Бояд гуфт, ки охири соли 2024 ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати “скутерҳо” ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт дар кишвар дар идораи онҳо қоидаҳои нав қабул шуд.

Тибқи он ҳамаи скутерҳое, ки суръати онҳо аз 40 км/соат зиёд аст ва муҳаррикашон ҳаҷман 50 кубометрро ташкил медиҳад, ба қайд гирифта шаванд. Соҳибони чунин нақлиёт бояд барои онҳо рақами давлатӣ бигиранд.

Ронандагони бидуни ҳуҷҷат ва сабти ном барои риоя накардани қоидаҳо мутобиқи моддаи 310-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 74 то 150 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ҳангоми санҷиш, ронандагони скутер бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

– шаҳодатномаи ронандагӣ;

– шаҳодатномаи сабти ном;

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият;

– санади суғуртаи ҳатмии шаҳрвандии нақлиёт.

Бар иловаи рақами давлаӣ, ҳамчунин соҳибони скутерҳо вазифадор шудаанд, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт) ва ҳуҷҷат барои нобудсозии нақлиёт гиранд. Арзиши шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт)-и скутерҳо 280 сомонӣ, пули рақами қайди давлатӣ 270-280 сомонӣ муайян шуда, инчунин, барои нобуд сохтан (утилизатсия)-и нақлиёти 360 сомонии дигар мепардозанд.

Дар чанд соли охир фаъолияти колорасонӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кардаву чандин ширкатҳо фаъол гардиданд ва аксари онҳо бо скутеру мопедҳо хидматрасонӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...