Оҷонсӣ аз сокинон хост, барои пешгирии фасод ба онҳо кумак кунанд

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, "барои паст кардани шиддати фасод дар кишвар, андешидани чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар" пешниҳоду таклифҳои худро ба ин ниҳод ирсол кунанд. Онҳо бо нашри як баёния гуфтаанд, пешниҳоди сокинони кишвар дар таҳияи барномаи муқовимат бо фасод барои панҷ соли оянда истифода […]

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, "барои паст кардани шиддати фасод дар кишвар, андешидани чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар" пешниҳоду таклифҳои худро ба ин ниҳод ирсол кунанд.

Онҳо бо нашри як баёния гуфтаанд, пешниҳоди сокинони кишвар дар таҳияи барномаи муқовимат бо фасод барои панҷ соли оянда истифода мешавад.

Манбаъ гуфтааст, шаҳрвандон метавонанд то 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба бо суроғаи электронии [email protected] ба Оҷонсии зиддифасод пешниҳоду таклифҳояшонро ирсол кунанд.

Оҷонсии зиддифасод мақсади ин иқдомро паст кардани шиддати фасод дар кишвар, андешидани чораҳои муассири зиддифасодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон унвон додааст.

Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз сокинон хостааст, ки маълумоти рӯякӣ, бетаҳлил ва хусусияти умумидошта пешниҳод накунанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи аввали “Стратегияи давлатии муқовимат ба фасод дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (солҳои 2021-2025) ба итмом расида, ҳоло лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) аз тарафи гуруҳи корӣ мавриди таҳия қарор дорад. Интизор меравад, таклифу пешниҳодоти сокинон дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм ворид карда шавад.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 245 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.