Сад сол хидмат барои чопи китоб. Нашриёти “Ирфон” садсола шуд

  Имрӯз нашриёти “Ирфон”, ки нахустин нашриёти серсоҳаи Тоҷикистон дар солҳои 20-30-и асри гузашта буд, садсола шуд. Ба ин муносибат, мо аз таърихи ин нашриёт ёд оварда, пиромуни набзи имрӯзаи он ва мизони нашри китоб дар он қисса мекунем.   Аввалин саҳифаҳо Нашриёти “Ирфон” сад сол қабл, 7-уми октябри соли 1925 бо номи Нашриёти давлатии […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

 

Имрӯз нашриёти “Ирфон”, ки нахустин нашриёти серсоҳаи Тоҷикистон дар солҳои 20-30-и асри гузашта буд, садсола шуд. Ба ин муносибат, мо аз таърихи ин нашриёт ёд оварда, пиромуни набзи имрӯзаи он ва мизони нашри китоб дар он қисса мекунем.

 

Аввалин саҳифаҳо

Нашриёти “Ирфон” сад сол қабл, 7-уми октябри соли 1925 бо номи Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт ва то солҳои 60-уми асри пор ягона нашриёти серсоҳа буд, ки дар он тамоми намуди адабиёт, аз китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагонӣ то китобҳои илмӣ, сиёсӣ ва оммавӣ ба табъ мерасиданд.

Мудири аввалини ин муассисаи навтаъсис Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардида, роҳбарии корҳои эҷодии он ба зиммаи устод Садриддин Айнӣ гузошта шуд. Ҳамкории ин ду шахсияти муътабари илм ба оғози давраи тозае дар таърихи китобчопкунӣ дар кишвар асос гузошт.

Дар оғози фаъолияти ин муассиса як зумра шахсиятҳои барҷастаи илму адабиёти тоҷик дар он заҳмат кашидаанд, ки заминаи ташаккули “Ирфон” будааст. Аз ҷумла, Сайидризо Ализода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Қутбӣ Киром солҳои гуногун дар ин нашриёт муҳаррир будаанд.

Соли 1964 нашриёт номи рамзии “Ирфон”-ро гирифт, ки маъниаш “донишу маърифат” аст. Соли 2000 номи он ба Муассисаи нашриявии “Ирфон” иваз шуд.

28-уми декабри соли 2006 “Ирфон” ҳамчун муассисаи тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мақоми расмии давлатӣ гирифт.

 

Аз 15 ҳазор ба 6 миллион

Нашриёт дар соли аввали фаъолияти худ ҳамагӣ 8 китоб бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба табъ расонд. Аммо баъди сад сол он ба миллионҳо расидааст.

Абдувалӣ Абдураҳмонзода, роҳбари имрӯзаи нашриёти “Ирфон” гуфт, то имрӯз 6 миллмону 200 ҳазор нусха китоби дар сад сол чопкардаи ин нашриёт сабт шудааст, вале шояд ин теъдод зиёдтар бошад, зеро гурӯҳи махсус ҳоло осори нашркардаи ин муасиссаро таҳқиқ мекунад.

“Гурӯҳи олимону донишмандон, ки дар ҳамин самт кор мекунанд, дар Хонаи китоби Тоҷикистон, ки ягона махзани илмии ҷамъоварии китоб аст ва тамоми осори нашршуда он ҷо ҷамъоварӣ мешавад, таҳқиқ гузаронида, осори дар “Ирфон” чопшударо ҳисоб карда истодаанд ва интизор меравад, ки то охири сол ин кор анҷом мешавад”, – гуфт роҳбари ин муассиса.

Дар даҳ моҳи соли 2025 бошад, ин нашриёт 45 номгӯ китоб бо теъдоди 23 ҳазор нусха ба табъ расонидааст. 

Имрӯз “Ирфон” ба нашри китобҳои илмӣ, адабӣ таърихӣ, бадеӣ ва сиёсӣ машғул аст ва ба қавли Абдувалӣ Абдураҳмонзода “дар сад соле, ки фаъолият дошт, рисолати худро анҷом додааст ва дар замони соҳибистиқлолӣ ба таҳкими нашри китоб талош дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир китобҳои нашрнамудаи “Ирфон” дар ҳамоишҳои бузурги ЮНЕСКО дар Париж, ки ба муносибати бузургдошти адибони барҷастаи мо, чун Мавлонову Ҳофиз доир мешавад, намоиш дода шуда, аз ҷониби олимону фарҳангиёни ҷаҳонӣ хуш истиқбол ёфтааст.

“Аз ҷумла, ба муносибати бузургдошти Мавлоно китоби “Гулчини ғазалиёт”-и ӯ бо забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва хати форсӣ, инчунин маҷмуи рубоиёти Мавлоно бо унвони “Ҷоми ҷон” бо се забон нашр шуда, ба ҳамоишҳои байналмилалӣ роҳ ёфтанд”, – мегӯяд Абдураҳмонзода.

Ба муносибати 700-солагии Ҳофиз низ ду китоб – “Гулчини ғазалиёт”-и ӯ бо забонҳои тоҷикиву англисӣ ва хати форсӣ, инчунин китоби “Хурӯше аз арш” бо се забон ба табъ расида, дар он 200 расми Тоҳири Назар, мусаввири ин нашрия баргирифта аз ғазалҳои Ҳофиз истифода шудааст.

Ҳамчунин нашриёт дар соли равон ба адабиёти ҷаҳонӣ рӯ оварда, китобҳои “Алвидоъ, Гулсарӣ”-и Чингиз Айтматов ва “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатовро бо забони тоҷикӣ нашр кардааст.

 

“Силсилакитобҳои кӯдаконаро нашр мекунем”

Ба гуфтаи роҳбарияти “Ирфон”, нақша доранд, ки минбаъд ба адабиёти ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, осори бузургтарин адибони ҷаҳониро бо забони тоҷикӣ ба хонандаи тоҷик пешниҳод кунад.

Ҳамчунин, имрӯз нашриёт тасмим гирифтааст, ки силсилаи китобҳои кӯдаконаро нашр кунад ва рӯйи лоиҳаи он корбарӣ дорад.

“Аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, осори Мавлоно ва дигар бузургони адабиёти классики тоҷик осори муносибро барчида, ба таври сода ва фасеҳ ва бо шарҳ ба кӯдакон пешниҳод мекунем, ки мувофиқ ба дониш, фаҳмиш ва иродаи кӯдакон бошад”, – тавзеҳ медиҳад роҳбари муассиса.

“Бо ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рисолати нашриёти “Ирфон” ҳам зиёд мешавад, чун дар ин аср таҳмил кардани як фарҳанг рӯйи фарҳанги дигар шиддат гирифта истодааст ва мо осореро нашр ва пешниҳод мекунем, ки барои манфиатҳои миллӣ бошад”, – хулоса мекунад Абдураҳмонзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.