Раиси Кумитаи андоз гуфт, “соҳибкорон дар рушди Тоҷикистон нақши бузург доранд”

Asia-Plus

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки имрӯз, 14-уми октябр таҷлил мешавад, нақши соҳибкоронро дар рушди иқтисодӣ таъкид карда, ба тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ ва саҳми ин қишр дар бунёдкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ки соҳибкорон дар ҳама давру замон “ба ҳайси нерӯи созандаи иқтисодиёт” шинохта шудаанд ва фаъолияти онҳо барои рушди иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум “нақши муҳим ва калидӣ” дорад.

 

Тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ

Нусратулло Давлатзода ишора кардааст, ки дар мақомоти андоз ба рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, ки ин ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳои давлатӣ ва содаву қулай намудани риояи қонунгузории андоз равона шудааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон намудҳои зиёди хидматрасониҳои электрониро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, ҳоло имкониятҳои зерин тариқи электронӣ ба роҳ монда шудаанд:

– Гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ;

– Ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ;

– Дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз;

– Ирсоли ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ;

– Азназаргузаронии ҳисобот ва тартиб додани санади муқоисавӣ;

– Истифодаи ҳисобкунаки андоз;

– Тафтиши ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ.

Раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки дар назар аст дар ин самт тадбирҳои нав андешида шаванд, ки ба хотири содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва халалдор насохтани фаъолияти соҳибкорон равона шудааст.

 

Саҳми муассири соҳибкорон дар бунёдкорӣ

Нусратулло Давлатзода зимни таҳнияташ гуфт, ки соҳибкорон на танҳо дар рушди иқтисод, балки дар корҳои ободонии мамлакат низ “нақши бузург” доранд.

Ӯ гуфт, танҳо дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат ба теъдоди зер иншооти “ҳаётан муҳим” бунёд ва ба истифода дода шуданд:

– Зиёда аз 1 ҳазору 500 иншооти соҳаи маориф (дабистону мактаб);

– 660 иншооти соҳаи тандурустӣ:

– 480 иншооти варзиш;

– 175 иншооти фарҳангу фароғат;

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 14-уми октябр Рӯзи соҳибкорон эълон шудааст. Меъёри мазкур аз соли 2015 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” низ илова шуда, ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...